Туркия

Қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия аз 30 000 нафар гузашт

Қурбониёни заминларзаи ахир дар Туркия ба беш аз 29,5 ҳазор ва Сурия бошад, ба 4,5 ҳазор нафар расидаанд.

Дар ин бора «Al Jazeera» иттилоъ додааст. Ҳоло дар ҳар ду кишвар зиёда аз 80 ҳазор нафар захмӣ шуда, садҳо ҳазор нафари дигар бехона мондаанд. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд ва дар онҳо наҷотбахшон аз 70 кишвар, аз ҷумла беш 50 нафар аз Тоҷикистон ширкат доранд.

Мақомоти Туркия дар робита ба фурӯрезии биноҳои баландошёна тафтишотро оғоз ва беш аз 100 касро дастгир кардаанд. Инчунин, зиёда аз 50 нафар ба ғоратгарӣ айбдор мешаванд. Дар ҳамин росто, Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, ки онҳо аз ҷавобгарӣ озод нахоҳанд шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон 11-уми феврал хабар дод, ки наҷотбахшони кишвар як тифли шашмоҳаро ҳамроҳи падараш аз зери вайронаҳо зинда берун овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки заминларзаи мудҳиши 7.7 дараҷаӣ шаби 6-уми феврал аввал Туркия ва чанд соат баъд бо неруи 7.6 дараҷаи ҷадвалри Рихтер Сурияро такон дод.

Хонаҳои зиёде дар ҳарду кишвар, аз ҷумла ёдгори таърихӣ ва биноҳои қадима осеб диданд. Дар Туркия барои се моҳ вазъи фавқуллода эълон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *