Изҳороти Маркази исломшиносӣ дар мавриди Иди Фитр
Хусусияти фарқкунандаи дини ислом, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки пайғамбари баргузидаи он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) шахсияти воқеии таърихӣ буда, тамоми зиндагиномаи ў дар китобҳои сершумори сирату ансоб, таърихнома ва тафсирҳову маҷмўаи аҳодис возеҳу равшан баён гардидааст. Ва танҳо пайравии некў кардан ба рафтору кирдори пайғамбар тибқи далолати ояти карима «ба дурустӣ ки барои шумо дар (кори) пайғамбари Худо пайравии некў ҳаст» (Аҳзоб, 33:21) моро ба дарёфти савоби дунёву охират мушарраф мегардонад.
Рўзаи моҳи шарифи Рамазон дар моҳи Шаъбони соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардонида шуд ва пайғамбар (с) дар моҳи рабеъу-л-аввали соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ вафот кард. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки ў 9 сол рўза доштааст. Имом Табарӣ зимни баёни воқеаҳои дар соли дуюми ҳиҷрӣ рухдода чунин меорад: «Абўҷаъфар (ат-Табарӣ) гуфт: ва дар ҳамин сол рўзаи Рамазон фарз гардид. Ва ба қавле ин ба моҳи Шаъбон буд». Вақте ки пайғамбар (с) ба Мадина омад, дид, ки яҳудиён рўзи Ошуроро рўза медоранд ва сабабашро аз онҳо пурсид, гуфтанд: «Ин рўзест, ки Худо оли Фиръавнро ба дарё ғарқ кард ва Мўсоро бо ҳамроҳонаш наҷот дод». Пас пайғамбар (с) он рўзро худ рўза дошт ва гуфт, ки дигарон ҳам рўза бигиранд. Вале вақте ки рўзаи моҳи Рамазон муқаррар шуд, рўзаи Ошуро ихтиёрӣ шуд. Дар худи ҳамин сол додани садақаи Фитр ҳам муайян шуд. Пайғамбар (с) дар як хутбаи худ таъкид карданд, ки мусулмонон ақаллан як-ду рўз пеш аз ид садақаи Фитр бидиҳанд. Ҳамчунин ў дар ин сол ба намозгоҳ рафта, бо мардум нахустин намози ид хонд. Ва дар ҳамин рўзи ид дар пеши рўйи пайғамбар (с) аназа (найзачаи асомонанд) ниҳода буданд, ки минбаъд онро дар тамоми намозҳои ид дар рўёрўйи ў ва дигар имомони намозҳои ид мегузоштанд. Ҳамчунин бояд бигўем, ки субҳи рўзи нуздаҳуми Рамазон ҷанги Бадри бузург миёни сипоҳиёни пайғамбар (с) ва кофирони Қурайш иттифоқ афтод. Яъне дар марҳалаи нахустин ҳанўз ба муҳаррам донистани Рамазон ва моҳҳои дигар дастур нарасида буд ва тамоми ҷузъиёти рўзадории мусулмонон ҳам тадриҷан ҳангоми зинда будани пайғамбар (с) ва замони ҳукмронии хулафои рошидин ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом аз нигоҳи меъёрҳои имонию эътиқодӣ ва фиқҳию ақидатӣ такомули ниҳоӣ пайдо кард. Вале агар оғози фарз гардидани рўзаи моҳи Рамазонро ба тақвими мелодӣ гардонем, он ба рўзи чоршанбеи 25 феврали соли 624 рост меояд ва соли даҳуми ҳиҷрӣ бошад ба рўзи шанбеи 3 декабри соли 631 мувофиқ аст. Яъне рўзадории пайғамбар дар моҳҳои декабр, январ ва феврал рост омадааст. Ба эътирофи ҷумҳури уламои ислом, аз ин 9 маротиба 4-тоаш 29 рўзӣ ва 5-тоаш 30 рўзӣ будааст.
Муайян кардани миқдори рўзҳо дар ҳар моҳ тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ бар асоси гардиши моҳ сурат мегирифт. Ин тақвим аслан барои муайян кардани бисёре аз ойинҳои мусулмонӣ, ба мисли ҳаҷҷу рўза ва оғози моҳҳо истифода мешавад. Дар замони хилофати Умар ибн Хаттоб ба таъсиси девонхонае ба сабки дабирони сосонӣ иқдом намуданд, ки мақсади асосии он муайян кардани оғози шумори моҳонаи божу гузина (баъдтар ҳамин истилоҳот шакли арабии боҷу хазина ва хироҷро гирифт) ба тақлид аз рўйи мабдаи таърихи яздигурдӣ дар кишварҳои фатҳшуда буд. Ба ҳамин хотир мусулмонон рўзи ҳиҷрати пайғамбари исломро аз Макка ба Мадина оғози солшумории ҳиҷрӣ қарор дода, онро ҷойгузини солшуморӣ аз оғози таърихи тоҷгузории шоҳи сосонӣ гардониданд. Вале то оғози ислом ҳам асосан солномаи хуршедӣ ва солшумории мелодиро риоя мекарданд ва санаи рўйдодҳои таърихӣ тибқи далолати ҳамин тақвимҳо сабт мешуд.
Бояд зикр намуд, ки гоҳшумории қамарӣ дар миёни арабҳо пеш аз ислом ривоҷ доштааст. Барои мутобиқ шудани он бо солшумории хуршедӣ ҳар се сол як моҳеро ба хотири насабе номгузорӣ карда, дар ибтидои тақвими қамарӣ қарор медоданд. Аммо дар соли даҳуми ҳиҷрӣ нозил шудани оятҳои 36-37 сураи Тавба дар ин масъала тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард: «Ба дурустӣ, шумораи моҳҳо назди Худо дар Китоби Худо аз рўзе, ки осмонҳову заминро офарид, дувоздаҳ моҳ аст. Аз он ҷумла, чаҳор моҳи ҳаром (зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб) аст. Ин аст дини дуруст. Пас, дар он чаҳор моҳ бар хештан (бо анҷом додани ҷанги ноҳақ) ситам макунед. Ва бо ҳамаи мушрикон ҷанг кунед, чунон ки онҳо бо ҳамаи шумо ҷанг мекунанд. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст; ҷуз ин нест, ки насӣ (ба таъхир афкандани яке аз моҳҳои ҳаром ба моҳи дигар; чанд рўзро ба соли қамарӣ афзуда, онро соли шамсӣ сохтан) зиёдатӣ дар куфр аст, бо он кофирон гумроҳ гардонида мешаванд; он моҳро як сол ҳалол мешумурданд ва онро соли дигар ҳаром мешумурданд, то бо шумораи он чи, ки Худо ҳаром сохтааст, мувофиқат кунанд. Пас чизеро ҳалол созанд, ки Худо ҳаром сохтааст. Кирдорҳои бадашон барои онҳо ороста карда шудааст. Ва Худо ба қавми кофирон роҳ наменамояд» (Тавба, 36/37). Қуръон сароҳатан муайян кард, ки миқдори моҳҳои сол назди Худованд 12 моҳ аст ва афзудани як моҳи зиёдатии сенздаҳум дар ин тақвим амали куфр аст. Зеро ба ин восита категорияи муҳаррам будани моҳҳо омехта мешавад. Вале тақвими ҳиҷрии қамарӣ аз оғози ҳиҷрати пайғамбар ба расмият надаромада буд, балки дар соли 15 ҳиҷрӣ замони хилофати Умар оғози солшумории ҳиҷрии қамариро 8 рабеъулаввал (16 июли соли 622 мелодӣ) ва моҳи нахустини солро муҳаррам унвон карданд. Тибқи ин солшуморӣ, ҳар соли ҳиҷрии қамарӣ аз 12 моҳи ҳилолӣ иборат буда, миқдори рўзҳо дар он ба 354 ва дар соли кабиса ба 355 рўз баробар мешавад. Номи моҳҳои ин солшуморӣ дар як шеъре чунин баён шудааст:
Ду рабеъву ду ҷумодо зи пайи якдигар,
Зи муҳаррам чу гузаштӣ бирасад моҳи сафар.
Пас ба зилқаъдаву зилҳиҷҷа бикун нек назар,
Раҷаб аст, аз пай шаъбон, рамазону шаввол.
Дар асоси муқаррароти ин тақвим шеваи ҳисобу китоби моҳҳо гоҳшумории ҳиҷрии қамарии ҳилолӣ ном дорад, ки дар кишварҳои исломӣ ба хотири муайян кардани рўзҳои ид ва дигар муносибатҳои мазҳабӣ истифода мешавад. Рўзи аввали ҳар моҳ дар ин гоҳшуморӣ бар асоси моҳи нав дар шомгоҳи рўзи 29 ё 30-уми моҳи қаблӣ таъйин мешавад, ки онро мушоҳида ё пешбинии мушоҳидапазирии ҳилол меноманд. Ин тарзи таъйини оғози моҳ, яъне истиҳлол то ислом дар байни қавмҳои сумерӣ, бобилӣ ва яҳудӣ низ роиҷ ва собиқаи тўлонӣ доштааст. Пешбинии вазъияти рўъяти ҳилол дар моҳҳои қамарӣ ба мавқеи ҷуғрофии кишварҳо дар лаҳзаи ғуруби рўзи 29-уми моҳ вобастагӣ дорад ва эҳтиёткории нозуконаро тақозо менамояд. Имконияте вуҷуд дорад, ки ҳилоли моҳи нав дар як мавзеи кураи Замин рўзи 29-ум баъди ғуруби Офтоб рўъят шавад, вале дар макони дигар рўъят нашавад. Ин ҳолат сабаби ихтилофи якшабонарўзӣ дар кишварҳои арабӣ аз нигоҳи гоҳшумории ҳиҷрии қамарии ҳилолии маҳаллӣ мешавад. Мутобиқи ҳукми шаръӣ, агар ҳилоли моҳ дар шомгоҳи рўзи 29-уми моҳ рўъят шавад, он моҳ поёнрасида ва фардо аввали моҳи баъдӣ аст. Вале агар ҳилоли моҳ дар шомгоҳи рўзи 29-уми моҳ рўъят нашавад, моҳ сирўза мешавад. Чунин бармеояд, ки дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ барои таъйини моҳҳои 29 ва 30-рўза низому қоидаи мушаххасе вуҷуд надорад.
Бояд ёдовар шуд, ки тақвими қамарӣ қадимтарин ва маъмултарин навъи солшуморӣ будааст, ки донистани оғози моҳ бо дидани ҳилол ошкор мешавад. Бинобар ин як шахси бесавод ҳам метавонад ба содагӣ дар асоси рўъяти ҳилол таърихи рўзро муайян кунад. Аз рўйи ҳисобу китоби рўзҳо, тақвими қамарӣ аз 354 (дар соли кабиса 355) рўз ва тақвими хуршедӣ аз 365 (дар соли кабиса 366) рўз иборат аст. Тақвими ҳиҷрии қамарӣ дар асоси гардиши ҳалқавӣ давр задани Моҳ таҳаққуқ мепазирад, ки дар натиҷа аз тақвими хуршедӣ 11 рўз кўтоҳтар мешавад. Моҳи Рамазон ҳам мисли дигар моҳҳои тақвими қамарӣ дар фаслҳои гуногуни сол чарх задан мегирад ва баъди ҳар 33 сол ба ҳолати ибтидоии худ баргашта меояд. Рўзи якуми моҳи Рамазон ҳам бо рўъяти ҳилол (дидани моҳи нав) оғоз мешавад. Ва ҳеҷ кас ба ҷуз Худо саршавии моҳи ояндаро яқин намедонад, агар шабона дар осмон, ба қавли Ҳофизи лисонулғайб, мушоҳидаи возеҳу равшани «мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав» барояш муяссар нашавад. Аз ҳамин ҷиҳат ва боз ба далели сабабҳои дигар илми нуҷуму фалакиёт дар фарҳанги исломӣ хуб рушд кард. Тадқиқотҳои астрономии ал-Киндӣ, ал-Берунӣ ва Бузҷонӣ дар пешгўӣ намудани рўъяти ҳилол, самти ҳаракати Моҳ ва фаза (манзил)-ҳои он ва ҷирмҳои дигари осмонӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштанд. Ин самти фаъолият дар асрҳои баъдӣ тақвият пайдо кард, ки имрўз дар замони рушди бемайлони илму технология идома ёфта истодааст. Ҳамин тариқ, мушоҳида кардани ҳолати Моҳ ва вежагиҳои ҳаракати он барои астрономҳо ва риёзидонони мусулмон ба як кори муҳими илмию имонӣ мубаддал гашт.
Ҳарчанд ки илму технологияи муосир дорои имкониятҳои бузург аст ва тавассути дастгоҳҳо, расадхонаҳо ва қамарҳои маснўии Замин ҳисобу китобҳои дақиқро дар сатҳҳои гуногун анҷом дода метавонанд, вале боз ҳам шариат ба далелҳои раъйӣ такя карданро тақозо мекунад. Дар Арабистони Саъудӣ ҳам гурўҳи олимони нуҷумшинос дар ҳамкории зич бо рўҳонияти кишвар амал мекунанд. Кору фаъолият дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёри комил моро водор менамояд, ки дар муносибат ба ин қабил муқаррароти динию эътиқодӣ сахт эҳтиёткор бошем. Дар Варорўди бостонии фарҳангсолор, ки илму фарҳанги мусулмонӣ дар пояи қудсияти забони тоҷикӣ ташаккул ёфта буд, ду тақвим – тақвими деҳқонӣ, ки дар асоси тақвими хуршедии наврўзӣ амал мекард; ва тақвими имонӣ, ки дар асоси тақвими ҳиҷрии қамарӣ амал мекард, баробар дар истифода буд. Рўҳонияти саршиноси аҳли суннату ҷамоати моваруннаҳрӣ масъалаи оғозу анҷоми моҳҳои қамариро дар асоси талаботи бечунучарои фиқҳи ҳанафӣ анҷом медоданд. Андешаи маҳз 30 рўз будани рўзҳои ҳар моҳро ҷорӣ шудани тақвими нави мелодӣ дар даврони шўравӣ тақвият додааст. Вале дуруст анҷом додани фароизи динӣ моро водор мекунад, ки ба масъалаи таъйини саҳеҳи ғурра ва салх (оғозу анҷом)-и моҳҳои қамарӣ ҳам таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоем.
Аммо дар робита ба рўзадории моҳи Рамазони соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ (мувофиқ ба 17 май – 15 июни соли 2018) бояд гуфта шавад, ки 29 рўз муайян шудани миқдори рўзҳо дар ин моҳ ба далели нишондоди ҷадвалҳои нуҷумӣ мувофиқ меояд. Мувофиқи маълумоти Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи 14 июни соли 2018, соати 5.30 моҳ нав мешавад. Бегоҳии ҳамон рўз соати 8.23 моҳ ғуруб мекунад ва баъди ним соат одамон онро мушоҳида карда метавонанд. Далели собиткунандаи 29 рўз омадани Рамазон дар аҳодиси рўзгори пайғамбари ислом (с) ҳам тасдиқ мегардад. Ҳамчунин дар 29 рўз мукаммал шудани рўзҳои моҳи рамазони имсола ба он хотир аст, ки моҳҳои раҷаб ва шаъбон 30- рўзӣ буданд. Дар ҳадиси рақами 2553-уми «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки пайғамбар (с) моҳи Рамазонро ёдовар шуда, фармуданд: «Моҳи Рамазон ҳам 29 рўз мешавад: моҳ ҳамчунин ва ҳамчунин ва ҳамчунин» аст».
Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ