Изҳороти ВКД дар мавриди Шарофиддин Гадоев

Имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, 19.05.1985 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Шоҳигарии Ҳолланд зиндагонӣ мекард, ба ШВКД Фурудгоҳи ш. Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Инчунин изҳор намуд, ки дигарон нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд.
Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289 қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *