«Нигодний»-ҳоро низ ба аскарӣ мегиранд

Дар Туркманистон онҳоеро низ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд, ки тандуруст нестанд ва бемориҳои гуногун доранд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар омодагиҳо ба даъвати баҳорӣ оғоз шуда, ташхиси тиббии наваскарон ҷараён дорад.

Ба иттилои хабарнигорон аз ҷумла дар вилояти Лебапи Туркманистон табибон ба фарқ аз мавсимҳои пешин имсол ба ҷалби ҷавононе низ иҷозат медиҳанд, ки соли гузашта дар онҳо нишонаи бемориҳои ҷиддӣ ошкор шуда буд.

«Бояд онҳоро бипазирем. Моро маҷбур мекунанд. Зеро дар сафи артиш сарбоз намерасад», — гуфт як корманди комисариати ҳарбии Лебап.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, худи кормандони комисариатҳо намехоҳанд, ҷавонони гирифтор ба бемориҳои ҷиддиро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кунанд. Зеро оқибат ҳодисаи нохуше рух хоҳад дод ва ниҳоде, ки ҷалби онҳоро иҷозат додааст, на ҳамеша ҷавобгариро бар зимма мегирад.

«Сару пой, даст ва чашмҳо дар ҷояшон бошанд, қабул мекунанд. Боқӣ пас аз даъват баррасӣ мешавад. Зеро комисариат бояд ба президент гузориш диҳад», — изҳор дошт ӯ.

​Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон дар як сол ду бор — моҳи май ва ноябр сурат мегирад. Хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар 2 сол аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *