ИЗЗАТУЛЛО БА СЕРГЕЙ ПОНОМАРЁВ таҳдид кард ва боздошт шуд

Ба зидди Иззатулло Махсумов, як сокини ноҳияи Фархор бо иттиҳоми таҳдид ба ҷони хабарнигори «Комсомольская Правда” Сергей Пономарёв парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Пономарёв мегӯяд, ки як сол пеш дар пайи мақолаҳои тундаш дар бораи Тоҷикистон Иззатулло аз тариқи Интернет ӯро таҳдиди куштан кардааст. Пулиси шаҳри Маскав муҳоҷири тоҷикеро, ки хабарнигори рӯзномаи «Комсомольская правда” Сергей Пономарёевро баъди нашри силсилаи мақолаҳояш аз сафари Тоҷикистон таҳдиди куштан карда буд, пайдо кардааст. Ба зидди Иззатулло Махсумов, сокини 27-солаи деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор бар асоси моддаи 119-уми Кодекси ҷиноятии Русия (таҳдиди куштан ваё расондани осеби ҷидди ҷисмонӣ ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.Дар бораи боздошти Изаттуло Махсумов худи Сергей Пономарёв баъди мулоқоташ бо ин муҳоҷири тоҷик дар раёсати бозпурсӣ (управление дознания)-и пулиси Маскав тавассути «Комсомольская правда” хабар додааст.Ба навиштаи Пономарёв, тафтишот маълум кардааст, ки маҳз Изаттуло Махсумов бо тахаллуси «Я не один Аллах самной” аз тариқи шабакаи «Одноклассники” бо муаллифи мақолаҳои «Комсомольская правда” дар бораи Тоҷикистон дар тамос шуда, бо забони шикастаи русӣ таҳдид кардааст, ки аввал дасту сипас пояш ва дар охир сарашро хоҳад бурид.Сергей Пономарёв ҳамчунин видеои 5 дақиқа сӯҳбаташ бо Иззатулло Махсумовро низ нашр кардааст. Иззатулло дар ин навор тавассути як тоҷики дигар, ки барояш тарҷумонӣ мекард, аз Пономарёв барои он таҳдидҳо бахшиш пурсида, мегӯяд, намедонист, ки ин амал тибқи қонунҳои Русия чунин ҷавобгарӣ дорад. Шарики Иззатулло ҳамчунин мегӯяд, ки баъди боздошташ корфармо Иззатуллоро аз кор дар як нуқтаи мошиншӯӣ дар вилояти Маскав ҷавоб додааст ва ҳоло ӯ дар Маскав кори сохтмон мекунад.Сергей Пономарёв моҳи июли соли 2016 баъди бозгашт аз Тоҷикистон силсилаи мақолаҳо дар бораи ин сафарашро бо номи «Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее» (Тоҷикистон: аз карахтии Шӯравӣ ба ояндаи дурахшоннашр кард, ки дар Тоҷикистон вокунишҳои тунди манфиро ба бор овард.Пономарёв дар ин мақолаҳо Тоҷикистонро «ватани Равшану Ҷамшутҳо” номида, аз ҷумла навишта буд: «Дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ дорам. Бақия ҳама Равшану Ҷамшутанд…” Хабарнигори «Комсомольская правда” дар дохили мақола низ тарзи зиндагӣ, либоспӯшӣ ва ҳатто телефонҳои гаронбаҳои муҳоҷирони тоҷикро ба танз кашида, аз табдили номҳои русии шаҳру ноҳияҳо интиқод карда буд ва дар як ҷои мақолааш ба ҳукумати Русия машварат дод, ки раҳбарони Тоҷикистонро иваз кунанд.

Дар вокуниш ба ин силсилаи мақолаҳо Шарифи Ҳамдампур, ношири фарзияи тоҷикистонии «Комсомольская правда” баъди 10 соли ҳамкорӣ аз идомаи нашри ин рӯзнома даст кашид.Ҳамин тавр дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи интиқодҳо аз сабку шеваи, ба ақидаи корбарони тоҷик, таҳқиромези мақолаҳои Пономарёв баланд шуд.Пономарёв дар пайи мавҷи интиқодҳо аз ҷониби хонандагони тоҷик расман аз таҳдидҳо ба ҷонаш шикоят карда, аз мақомоти Русия ҳимоят хоста буд.Вале Иззатулло Махсумов, сокини 27-солаи ноҳияи Фархор дар ин як соле ки гузашт, нахустин нафарест, ки бо иттиҳоми таҳдид ба Пономарёв ба зиддаш парванда кушодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *