Салимзода: Ягон корхона кушода натавонистем

Санаи 19.07.2017 зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон  раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода гуфт, ки дар давоми шаш моҳ натавонистанд ягон корхонаи саноатӣ кушоянд.  Ба гуфти Салимзода дар ноҳия маҷмӯан 39 корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд. Аммо барои кушодани корхонаи саноатӣ ва фароҳам овардани ҷои корӣ барои сокинони ноҳия дар давоми шаш моҳ ягон иқдом гирифта нашудааст.

 Бо вуҷуди ноҳияи Ҷаббор Расулов  ноҳияи саноатию кишоварзӣ будан арзиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла картошка (4 сомонӣ), сабзӣ, пиёз(2,5 сомонӣ) ва помидор (3 сомонӣ) низ гарон аст.

                                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *