Субҳони Ҷалил мансаби нав гирифт

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои ширкати телевизион ва радиои “Ватан” дабири кулли созмони “Медиа алянси Тоҷикистон” интихоб шудааст.

Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечёрка” ва котиби “Медиа Алянси Тоҷикистон”  гуфтааст,ки  интихоби Ҷалилов дар ҷаласаи навбатии созмон 19 июл сурат гирифтааст. Бар асоси оиннома дабири кулли ин созмони журналистӣ барои ду сол интихоб мешавад. То ин замон Муним Оламов, директори ҶДММ «Имрӯз News» ин симматро бар душ дошт.

Амиршоева афзуд, дар ҷаласаи имрӯз ҳамчунин Муним Оламов, Гулнора Амиршоева ва Бахтиер Мусоев (муҳаррири хабаргузории «Авесто») узви Шӯрои нозирон интихоб шуданд.

«Медиа Алянси Тоҷикистон» соли 2005 таъсис ёфт ва беш аз 30 журналист ва расонаҳои кишварро муттаҳид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *