Русия: 40 таксирони тоҷик аз кор маҳрум шуданд

Ширкати мусофирбарии “АлянсАвто” дар вилояти Маскав 40 ронандаи тоҷикро аз кор ҷавоб дод. Масъулини ин ширкат мегӯянд, аз коргарон дархост шуд, ки аз 15-уми июл дигар ба кор наоянд. Русия қонун “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ”-ро тағйир дод, ки то охири моҳи июли соли 2017 шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ҳаққи ронандагӣ бо санади тоҷикӣ маҳрум мекунад. То ин муддат ҳазорҳо ронандаи тоҷик бояд дар мактабҳои ронандагӣ имтиҳон супурда, санади русӣ дарёфт мекарданд.

Таксиронҳое, ки ҳоло аз кор озод шудаанд, мегӯянд, бархеи онҳо барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Русия муроҷиат карда, вале посухи рад гирифтанд. Бархеи дигар бинобар гарон будани арзиши ин ҳуҷҷат барои гирифтани он талош накардаанд. Мувофиқи дараҷаи ронандагӣ, арзиши шаҳодатнома барои ронандагони хориҷӣ аз 25 то 90 ҳазор рубл арзиш дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *