JICA ҳамкори боэътимоди Тоҷикистон
Ширкати JICA, ба Тоҷикистон барои рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ кумакҳои бебозгашти худро идома дода истодааст. Ин агентӣ дар самтҳои рушди минтақавӣ, инфрасохтори иқтисодӣ, барнома оиди рушди иқтидор ва идораи марз кумаки расмӣ барои рушдро пешниҳод менамояд. То соли 2013, JICA кӯмаки грантӣ ба миқдори 196.18 млн долари амрикоӣ ва 47.95 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Ин кумакҳо асосан ба вилояти Хатлон, ки ҳамсарҳад ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст ва қисмати зиёди аҳоляш камбизоат ба ҳисоб мераванд, расонида шудааст.
Ширкат то ин дам зиёда аз 20 лоиҳаро дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва рушди деҳот, об, тандурустӣ, нақлиёт, рушди потенсиал, энергетика ва дигар соҳаҳо амалӣ гардонида, зиёда аз 12 лоиҳа дар ҳоли ба анҷомрасист.
Яке аз лоиҳаи бузурге, ки ба соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст ин кумаки техникӣ ба миқдори 1 млн доллари амрикоӣ, ба таваллудхонаи шаҳрии рақами 3-и шаҳри Душанбе мебошад.
Ин кумак барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ва аниқу дақиқ муаян намудани ҳолати модару кӯдак равона шудааст. Воситаҳои техникӣ ба табибон имконят медиҳад, ки ҳолати модару кӯдакро ҳам пеш аз таваллуд ва ҳам баъди таваллуд назорат кунанд. Санавбар Акобирова, сардухтури таваллудхона иброз дошт, ки баъди таҷҳизонидан шумораи муриши модар ва кӯдак ба маротиб паст рафтааст.
Лоиҳаи бузурги дигаре, ки барои беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешниҳод шудааст, дар ҳоли иҷрошавист ин лоиҳа маблағи 19 млн доллари амрикоиро фаро мегирад. Фаъолияти ин лоиҳа барои насби системаи ҳавопаймоҳо ва системаи чароғакҳои раҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо, сохтмони терминали боркашонӣ, харидории таҷиҳизот барои хизматрасонии боркашонӣ кӯмак дар таҳияи дастурамал оиди бақайдгирӣ ва идоракунии борҳо равона шудааст.
Терминали замонаве, ки дар ҳоли сохташавист имконият медиҳад ки дар як рӯз 10-20 ҳазор мошинҳои боркашониро қабул намояд. Ин терминал имконият медиҳад, ки маҳсулоти Тоҷикистон бо сифати байналмилалӣ ба бозори ҷаҳонӣ барояд. Ҳамчунин барои воридот шароити хуб муҳаё гардида, ҳам сифати он аз назар гузаронида мешавад ва ҳам имконият медиҳад, ки тоҷирон бо нархи на он қадар гарон ба Ватан маҳсулот ворид созанд.
Дар ҳоли ҳозир барои сохтани терминал 71 нафар коргари маҳалӣ ҷалб гардида, баъд аз сохта шудан 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад.
Хидеки Танабе, Роҳбари Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки барои рушди ҳамаҷониба омодааст дар ҳамаи соҳаҳо ба Тоҷикистон кӯмак расонад. Ширкати JICA мустақил буда, тули 10 сол аст аз номи Ҳукумати Ҷопон бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
Саодат Розиқзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ