Русия: Кордзании тоҷикону узбекоҳо

Дар пайи як занозании хунини байни зодагони Тоҷикистону Узбекистон се ҷавони 21-24-солаи узбекро бо захмҳои корд ба бемористон интиқол додаанд. Бо гумони даст доштан дар ин ҳамла ду шаҳрванди 27 ва 32-солаи Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯянд, муноқишаи гурӯҳӣ байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ соати тақрибан шаши бегоҳи 25 август дар назди бинои рақами 134 дар соҳили Обводной канал дар ҳудуди собиқ корхонаи «Красный треугольник” рух додааст.

Сабаби занозанӣ дар ноҳияи Адмиралтейски Петербург ҳанӯз рӯшан нест, вале дар натиҷаи он се шаҳрванди Узбекистон бо захмҳои корд ба бемористон афтодаанд. Вазъи яке аз онҳо, ки аз гардан ва дигар узвои баданаш корд хӯрдааст, вазнин гуфта мешавад.

Табибон вазъи дуи захмии дигарро миёна арзёбӣ мекунанд.

Манобеи нашрияи «Фонтанка” дар мақомоти интизомии Петербург гуфтаанд, ки барои маълум кардани ҷузъиёти ин муноқиша ва шахсияти ҳамлагарон ба пулис ду рӯз лозим шуд ва ҳоло ду шаҳрванди яке 27 ва яке 32-солаи Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса дастгир шудаанд. Онҳо ба қасдан расондани осеби вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ айбдор мешаванд ва феълан барои 48 соат ба ҳабс гирифта шудаанд.

Бино ба як фарзияе, ки мақомоти пулис ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, сабаби муноқиша гӯё масъалаи хоҳари яке аз ҷабрдидаҳо будааст. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора ҳанӯз дастрас нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *