КҲФ:Ҳаво чанд рӯз сард мешавад

Аз 22 то 23-юми ноябр дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ дар натиҷаи номусоиди обу ҳаво, аз ҷумла, боришот ва паст шудани ҳарорати ҳаво аз 10 то 12 дараҷа, боридани борону барф пешбинӣ мешавад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар ин бора хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ҳавошиносон рӯзҳои 23-24-уми ноябр низ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон аз 10 то 12 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар аст. “Аз сокинони ноҳияҳои кӯҳи хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро ба ҳезумчинӣ, чаронидани чорво ва дигар корҳои хоҷагии қишлоқ нафиристанд”.

КҲФ инчунин ба ронандагон аз хатарҳо дар роҳҳо дар ин давра хотиррасон мекунад. Инчунин, аз сайёҳоне, ки дар ин рӯзҳо қасди сайру саёҳат дар кӯҳистонро доранд, хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд ва аз масири сайри худ КҲФ-ро огаҳ созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *