Тоҷикистон 1,4 миллиард доллар қарз мегирад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои он барои солҳои 2025-2026»-ро тасвиб кард.

Зикр мешавад, ки ин барнома 48 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 36 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи зиёда аз 1,4 милярд долар ва 12 лоиҳаи созишномаҳои қарзӣ ба маблағи беш аз 1,4 милярд доларро дар бар мегирад. Дар ин замина таъкид мешавад, ки тайи 10 моҳи соли равон Тоҷикистон ҳамагӣ ду созишномаи қарзӣ ба маблағи умумии 19,5 миллон долар имзо кард.

Созишномаи аввал бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи Қайроққум ба маблағи 10 миллон долар ва дувум бо Бонки исломии рушд дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Пуштибонии татбиқи стратегияи миллии рушди маориф» ба маблағи 9,5 милён долар ба имзо расонида шуданд.

Дар баробари ин давоми се соли оянда барои пардохти қарзи беруна аз будҷаи давлати Тоҷикистон 1 милярду 235,7 миллон долар, аз ҷумла соли 2024 — 283,9 миллон долар, соли 2025 — 453,7 миллон долар ва соли 2026 — 498 миллон долар пардохт мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *