Аз таҳти дил бихандед!
Гелос
Ба марде ҳукми қатл медиҳанд ва қабл аз иҷрои ҳукм мегӯянд:
– Охирин хоҳиши худро гап занед.
Мард мегӯяд:
– Гелос мехоҳам.
Корманди суд мегӯяд:
– Охир, алҳол моҳи январ аст.
Мард мегӯяд:
– Ман интизор мешавам.
Таваккал
Муаллим ба донишҷӯе, ки ба ягон савол ҷавоб дода наметавонад, мегӯяд:
– Гӯш кун, се маротиба аст, ки туро аз санҷиш мегардонам. Барои чӣ намеомӯзӣ? Аз савод омӯхтан то ҳол касе намурдааст!
– Ман медонам муаллим, аммо таваккал кардан чӣ лозим?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ