КҲФ: Аз 18 то 20-уми октябр ҳаво номусоид аст (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 18 то 20-уми октябри соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои куҳиву наздикуҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок аз ҷумлаи ҳамин ноҷӯриҳои табиатанд.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.
— Ба соҳаи чорвопарварӣ диққати бештар бояд дод, ҳангоми чорвочаронӣ дар минтақаҳои куҳиву наздикуҳӣ бояд хеле эҳтиёткор буд,- меафзояд КҲФ.
Кумита ҳамчунин аз касоне, ки дар ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш менамояд хеле эҳтиёткор бошанд, дар чунин рӯзҳо ҳаргиз маслиҳат нест, ки кӯдакону наврасонро барои ҷамъоварии ҳезум ва алаф, чорвочаронӣ ва анҷоми корҳои дигари саҳро равона созанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ