«Latina-Dushanbe» 22-юми октябр ба фаъолият оғоз мекунад (аудио)

Тарабхонаи бразилягии «Латино -Душанбе» расман рӯзи 22-юми октябр ба фаъолият оғоз мекунад. Дар назар аст, дар ин рӯз шоу-барномаи рангини бразилиягӣ низ баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 17-уми октябр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт.

Ин иншооти нави хизматрасонӣ дар соҳили “Кӯли ҷавонон” қомат афрохтааст.

Дар қисмати дарунӣ ва берунии тарабхона дар маҷмуъ барои дар як вақт ба 250 нафар хизмат расондан, ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар тарабхонаи «Латино-Душанбе, ки дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ нахустин мебошад, 110 намуд хӯрок тайёр ва ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *