Шавкат Мирзиёев азми сафар ба Туркманистон дорад

Рӯзҳои 20 -21 октябри соли равон Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ вориди Туркманистон мешавад.

Дар ин бора 16-уми октябр дар ҷараёни ҷаласаи ғайринавбатии Девони вазирони Туркманистон хабар дода шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар ҷаласа роҷеъ ба рафти омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Узбекистон ба он кишвар гузориш додааст.

Ба гуфтаи Мередов, дар ҷараёни ин сафар имзои як қатор санадҳои ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Узбекистон дар назар аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.