КҲФ: Хатари селу резиши санг то 5-уми ноябр боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли 2022 дар қаламрави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии куҳиву наздикуҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвзи ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, то 5-уми ноябр боронҳои шадид метавонанд сабаби омадани селҳо, резиши санг дар ноҳияҳои куҳиву наздикуҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ шаванд.

— Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *