Роҳандозии буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия дар Тоҷикистон

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби табибони тоҷик ва дар ҳамкорӣ бо табибони кишвари Швейтсария аввалин маротиба дар кишвар буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия ба роҳ монда шуд.

Ба гуфтаи Муродов Акбар, муовини директор оид ба корҳои муолиҷавии маркази номбурда, муҳимияти ин намуди ҷарроҳиҳо дар он аст, ки бемор соатҳои баъди ҷарроҳӣ фаъол гардида, ҳамагӣ ду-се рӯз дар беморхона бистарӣ мешавад ва раванди барқароршавии ӯ назар ба бемороне, ки бо таври кушода ҷарроҳӣ мешаванд, хубтар ба назар мерасад.

Бино ба иттилои номбурда, дар ҳамкорӣ бо табибони давлати Швейтсария дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” як комиссия ташкил карда шудааст, ки мақсади асосии он муҳокимаи ҳар як бемор барои муайян кардани ташхиси асосӣ мебошад.

— Бисёр корҳои илмӣ дар дигар давлатҳо нишон доданд, ки барои хулоса ва аниқ кардани табобати ҳар як бемори гирифтори саратон ҳамаи табибон, аз ҷумла ҷарроҳ, саратоншинос, рентгенолог, гастроэнтролог, терапевт ва кардиолог бояд иштирок намоянд. Маҳз бо ин мақсад комиссияи мазкур таъсис дода шудааст, ки ҳамаи табибони муассиса аъзои он мебошанд ва дар раванди ташхис ва табобати ҳар як бемор фаъолона иштирок менамоянд,- меафзояд номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *