КҲФ: То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки то 16-уми феврали соли 2022 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
— Дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои куҳии тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди куҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Рашт-Сангвор, Ш. Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ хавфи лағзиши тарма, резиши санг ва яхбандӣ вуҷуд хоҳад дошт. Барои таъмини бехатарии мошинҳо ва ронандагону мусофирон дар роҳҳои мошингард наҷотдиҳандагони воҳидҳои наҷоти КҲФ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд,- меафзояд манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои куҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати сафари худро ба даст оранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ