КҲФ: То 27-уми октябр ҳаво абриву боронӣ аст (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки то 27-уми октябри соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар водиҳо борон ва дар баландкуҳҳо (баландтар аз 1500 м) ин борон ба барфи тар табдил мешавад. Ғайр аз ин, дамои ҳаво дар навоҳии куҳиву наздикуҳӣ сард мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳавои сарду борону барф метавонад боиси ях бастан ва ё талафи ҳосили кишоварзӣ гардад.
Аз ин рӯ, Кумита ёдовар мешавад, ки сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили боқимонда ва пӯшидани ҳосили норасида дар саҳро гарави аслии ба талафоти зироат роҳ надодан аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ