Чорвочаронӣ дар Шинг: Духтари 16-сола 80 метр ба зер афтода, ҳалок шудааст (аудио)

Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз ҳодисаи нохуше хабар дод, ки бар асари он як духтари 16-сола ҷон бохтааст.

— Бино ба хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, рӯзи 23-юми октябри соли равон тахминан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст. Сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карданд,- меафзояд манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дар остонаи фасли сард бояд кӯдакону наврасонро эҳтиёт намуд ва тани танҳо ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор фиристодани ноболиғон хатар ба ҷони онҳо дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *