Кӣ барои курсии президенти Ӯзбекистон рақобат мекунад?

Интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Ӯзбекистон 9-уми июл баргузор мешавад. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон хабар медиҳанд.

Тибқи қонунгузории кишвар танҳо ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доранд номзад пешбарӣ кунанд. Рӯзи 15-уми май Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон дар ин интихоботи президентӣ ба панҷ ҳизби фаъол иҷозаи ширкат дод.

Ҳизби либералии демократи Ӯзбекистон ва Ҳизби демократии “Милли Тикланиш” (“Эҳёи Миллӣ”) дар якҷоягӣ роҳбари кунунии ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёевро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карданд. Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон ба ин вазифа раиси он Улуғбек Иноятов, Ҳизби экологӣ раиси ҳизб Абдушукур Ҳамзаев ва Ҳизби сотсиал-демократи «Адолат» муовини аввали раиси Суди Олӣ Робахон Маҳмудоваро пешниҳод кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми май Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо раисони палатаҳои парлумони Ӯзбекистон, раҳбарони ҳизбҳо, мақомоти иҷроия ва суд интихоботи президентии пеш аз муҳлатро эълон кард. Ин нахустин интихоботи сарвари давлат пас аз ворид кардани тағйирот ба Конститутсия хоҳад буд, ки муҳлати ваколати раҳбари кишварро аз 5 то 7 сол тамдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *