Сангрезӣ дар Чин ҷони 19 касро гирифт

Хабаргузории Thethaiger бо такя ба изҳороти мақомот гузориш медиҳад, ки бар асари резиши санг дар шаҳри Лешани вилояти Сичуани ҷанубу ғарби Чин 19 нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Сангрезӣ рӯзи якшанбе дар ҳудуди корхонаи хоҷагии ҷангал дар ноҳияи Ҷинкухеи шаҳри Лешан тақрибан соати 6:00 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Пас аз ҳодиса наҷотдиҳандагон бо таҷҳизоти махсус зуд ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.

«То соати 20:00-и рӯзи 4-ум амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ба анҷом расида, дар натиҷаи фурӯрезии куҳ 19 нафар ҳалок шуда, 5 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд»,- омадааст дар хабар.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои фурӯпошӣ таҳқиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *