Муҳаммад Наимов

Ғолибияти нахустини Муҳаммад Наимов дар UFC

Муҳаммад Наимов бори аввал дар UFC муваффақ гардида, бар Ҷейми Мулларки пирӯз шуд.

Дар Лас Вегас (Невада, ИМА) мусобиқаи “UFC on ESPN 46” баргузор мешавад. Дар варақаи муқаддамотии ин чорабинӣ Муҳаммад Наимов дар лигаи Дана Уайт нахустин бозиро анҷом дод. Ҷанговари тоҷик бо Ҷейми Мулларки мубориза бурд.

Муҳаммад Наимов қаблан тавассути силсилаи Челленджери Дана Уайт кӯшиш мекард, ки ба UFC ворид шавад ва кӯшиши ӯ дар муддати кӯтоҳ натиҷа дод.

Вохӯрии Муҳаммад ва Ҷейми дар се қисмати 5-дақиқаӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо он тамоми масофа давом накард. Муҳаммад Наимов дар даври дувум бо нокаути техникӣ пирӯз шуд.

Ҳоло рекорди касбии муборизони Тоҷикистон 9-2 мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *