Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ вохӯрд

5-уми июн дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассаниро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Президенти мамлакат аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ давоми 30 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудани 116 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи давлати мо изҳори қаноатмандӣ намуданд”,- гуфта мешавад дар хабар.

“Хонум Антонелла Бассани аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди «иқтисоди сабз» ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд”,- илова шудааст дар иттилоия.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба мавзуи ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунию ирригатсия, энергетика ва амнияти озуқаворӣ гуфтугӯйи судманд анҷом додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *