Равшантоб, шавқовар, рангин: МегаФон Тоҷикистон 20-солагии худро дар Суғд ҷашн гирифт

3 ва 4-уми июн ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 20-солагии оғози фаъолияти худро дар вилояти Суғд ҷашн гирифт. Зиёда аз 30 ҳазор нафар меҳмони консерти ситораҳои эстрада ва Kids Day шуданд.

3-юми июн дар қасри фарҳанги “Арбоб” консерти идона гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 16 ҳазор тамошобин ҳузур доштанд. Барои онҳо Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Nikruz, Corleone, Некрӯз Ниёзов ҳунарнамоӣ карданд. Меҳмонон ҳамроҳи ҳунармандон сурудсароӣ карда, ба мусиқии диҷей RVXIN рақсу бозӣ мекарданд. Баромади аз ҳама серинтизор баромади диҷейи маъруфи Ӯзбекистон King Macarella буд.

“Соли гузашта ман махсус ба Душанбе омадам, то фестивали “МегаФон Life Фест-2022”-ро бубинам. Акнун бошад, ҷашни бузург дар шаҳри ман баргузор шуд. Ҳамааш беҳтарин буд, мо ҳамроҳи дӯстон месароидем, мерақсидем, ин рӯз муддати зиёд дар ёди ман хоҳад монд! МегаФон ҳам сифати аъло дорад, ҳам консертҳои зӯр мегузаронад!”,- аз таассуроти худ сухан гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Малика.

Барои онҳое, ки 3-юми июн дар консерт иштирок карда натавонистанд, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар саҳифаи YouTube пахши мустақим ташкил кард. Ба шарофати интернети боэътимод ҳама метавонистанд баромади ҳунармандонро онлайн тамошо кунанд.

Рӯзи якшанбе МегаФон Тоҷикистон бахшида ба рӯзи кӯдакон Kids Day-ро гузаронид. Дар майдонҳои варзишӣ ва фароғатӣ, ки дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Наврӯзгоҳ” ташкил гардида буданд, зиёда аз 14 ҳазор меҳмонон ҳузур доштанд. Тамоми ҳозирин аз рӯи шавқу завқи худ машғулият пайдо намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо дар озмунҳо иштирок карда, дар караоке суруд сароиданд, дар мусобиқаҳои варзишӣ қувваозмоӣ карданд. 

“Хеле хуб, ки имкони вақтгузаронӣ бо аҳли оила пайдо шуд. Кӯдакон хурсанд, воситаҳои дилхушӣ низ зиёданд. Ба писарон махсусан машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол писанд омад, онҳо ин намуди варзишро хеле дӯст медоранд”,- изҳор дошт сокини Хуҷанд Фирӯз.

Барои дӯстдорони рақсу бозӣ дар саҳна диҷей ва коллективи кӯдаконаи рақсии “Гулғунчаҳо” баромад намуданд. Дар майдони эҷодӣ бошад, бачагон расм мекашиданд, аз пластилин ҳар гуна ашёҳо месохтанд ва кулчақандҳоро оро дода, сипас бо худ мебурданд. Меҳмонони хурдтарин дар майдони махсус ташкилкардашуда, ки дар он момодояҳои касбӣ бо кӯдакон дилхушӣ мекарданд, вақт мегузарониданд. Бачагони синну солашон бузургтар ба ҷустуҷӯи “ганҷина” машғул шуданд. “Ман ба Ҷазираи ганҷ рафтам. Мо қисм ба қисм харитаро ҷамъ намуда, ганҷинаро ҷустуҷӯ мекардем. Ба ман писанд омад!”,- мегӯяд меҳмони ҷавони Kids Day Умар. Ширкати “Sardor” шарики болаззати Kids Day гардид.

“Гуворо, шавқовар ва рангин ҷашн гирифтани 20-солагии фаъолият дар Суғд якҷоя бо ҳазорҳо меҳмонон — ин хушбахтии ҳақиқист! Мо дар рӯзҳои дигар низ суханҳои миннатдориро мешунавем, лекин ҷашни мазкур то чӣ андоза ба якдигар наздик будани сокинони вилояти Суғд ва МегаФон Тоҷикистонро бори дигар нишон дод. Мо бо ҳамем ва ин на танҳо слогани рекламавӣ, балки ҳақиқати воқеист. Бори дигар ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки МегаФонро интихоб карданд ва дар рӯзҳои ид бо мо шодӣ карданд!”,- гуфт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раматҷон РАҲМАТОВ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *