Кӣ дуруғ мегӯяд: президент ва ё корманди вазорати хориҷӣ?
Даъвои Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, ки гӯиё Эрону Арманистон қаламрави Қарабоғи куҳиро барои интиқоли маводи мухаддир ба Аврупо истифода мекардаанд, пучу бемаънӣ буда асосе надорад.
Саид Хатибзода, намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон, иддаои Илҳом Алиевро дар мавриди қочоқи маводи мухаддир ба Аврупо пуч хонд, навиштааст хабаргузории IRNA.
Раисҷумҳури Озарбйҷон, зимни ҳамоиши онлайнии сарони кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт, ки Эрону Арманистон тайи 30 сол қаламрави Қарабоғи куҳиро барои қочоқи маводи мухаддир ба Аврупо истифода мебурданд. Ӯ ба ҳайси далел ин оморро овардааст, ки гӯиё баъди зери назорат гирифтани қисматҳои марзӣ бо Эрон, талошҳои қочоқи маводи мухаддир дар дигар қисматҳои сарҳад ду баробар афзоиш ёфтаанд.
Хатибзода чунин изҳороти роҳбари Озарбойҷонро хилофи муносибатҳои бародарии Теҳрону Боку хонда, онҳоро ба нафъи Исроил донист.
Ӯ афзуд, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки дар Озарбойҷон қасдан ба иқдому изҳороте даст мезананд, ки ногузир вокуниши Эронро ба вуҷуд меоранд.
Намояндаи ВУХ Эрон изҳор доштааст, ки мақомоти кишвараш бо маводи мухаддир муборизаи беамон бурда, дар ин роҳ фарзандони зиёди ин кишвар шаҳид шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир муносиботи Теҳрону Боку майли сардӣ дошта, низомиёни Эрон дар марз бо Озарбойҷон размоиши густурдаро роҳандозӣ намуданд.
Нуқтаи дигар ин аст, ки дар зарфи 30 соли истифодаи қаламрави Қарабоғи куҳӣ барои қочоқи мухаддир чаро Алиев хомӯшӣ ихтиёр карду имрӯз бо ба миён омадани баҳсҳои сиёсӣ миёни Озорбойҷону Арманистон ӯ якуякбора садо баланд карда изҳор медорад,ки Ирону Арманистон дар интиқоли маводи мухаддир даст доранд. Оё дар ин гуфта асосе мавҷуд аст ва ё дпр он ғаразу кину нафрат нуҳуфта?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ