Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ- ҳомии фарҳанги тоҷикон дар Ӯзбекистон даргузашт

Имрӯз дар шаҳри Самарқанд адиби номвари тоҷик, ҳомии забону адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон  Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз олам даргузашт. Шоир 78 сол дошт ва ним асри умарашро дар мубориза барои ҳуқуқи тоҷикон сарф кард.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ — шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (1990). Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Дорандаи мукофоти ба номи Деваштич (2000) 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи №16 таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст. Аз таъқиби сиёсати миллатгароёнаи ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон муҳоҷират карда буд.

Аз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегӯяд.

«Ман худам намедонам аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър бедор мекарданд, ки на дар ҳама хонадон ин чиз буд. Маҷмӯаи шеърҳои ман бо номи «Шир…!шеър…! шер» буда, бештари мисраҳои он ба мавзӯҳои фалсавӣ бахшида шудааст.»- гуфта буд, шоир дар суҳбати хеш бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайниро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, ки аз ҷониби Интишороти «Алҳудо» (Эрон) ба табъ расидаанд.

Дар соҳаи драманависӣ ҳам қалам ронда, чанд драмаи манзум офаридааст, ки «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромӯшӣ») аз он ҷумлаанд. Дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» соли 1997 дар Озмуни драманависони тоҷик сазовори мукофоти дувум гардидааст. Соли 2000 Ширкати синамои «ДУНЭ»-и Фаронса дар ҳамкории киносозони Испания дар бораи Ҳаёт Неъмат филми мустанаде бардоштааст. Дар бисёр корфаронсу симпозиумҳои байналхалқӣ, ки дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Арманистон, Лондон созмон ёфтаанд, иштирок доштааст. Устод Ҳаёт Неъмат беш аз 30 сол аст, ки тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам овардааст ва то ҳол дар таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои баруманд ва озодихоҳи тоҷик заҳмат мекашад. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ доир ба эҷодиёти Мавлавӣ якчанд таҳқиқоти илмиро ба анҷом расондааст, ба монанди мрнографияҳои илмии «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017)-ро ба табъ расонид.

Бузургтарин кори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ тазкираи “Сипеҳри орзу” аст, ки фарогири рӯзгор ва осори адибони охири асри 19 то ба имрӯз аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *