Кӣ Марияро дуздид?
Яке аз мухолифони ҳукумати Беларус Мария Колесниковаро дар маркази Минск ба микроавтобус савор карда, ба самти номаълум бурданд. Tut.by дар ин бора бо истинод ба як шоҳиди ҳодиса менависад.
Тибқи гуфтаи Анастасия, ки ин ҳодисаро мушоҳида кардааст, ин ҳодиса 7 сентябр, тахминан соати 10.05 дар наздикии Осорхонаи Миллии Санъат рух додааст: «Ман садои ба асфалт афтодани телефонеро шунидам ва ба қафо нигариста дидам, ки одамони либоси мулкӣ ва ниқобпӯш Марияро ба микроавтобус тела медиҳанд.Телефони дасти ӯ парида афтид ва яке аз ин одамон телефонро гирифта ба микроавтобус ҷаҳида савор шуд ва онҳо рафтанд » мегӯяд як шоҳиди ҳодиса.
Микроавтобусе, ки Марияро савор карда буданд, навиштаҷоти «Связ” буд, гуфтааст шоҳид. Нашрия қайд мекунад, ки телефони Колесникова дастрас аст, аммо ӯ ҷавоб намедиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ