Ҷойи сеюми Камол Насрулло дар озмуни ҷумҳурияви “Об-гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ”

Даври аввали озмуни ҷумҳурияви “Об-гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ”, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда буд, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки дар озмуни мазкур намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, маҳорати хешро нишон доданд.

Бо қарори ҳайати ҳакамон ҷойи 1-ум ба сайёҳ аз Аврупо хонум Софи Робертс, ҷойи 2-юм ба корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Маъруф Шонасурдинов, ҷойи 3-юм ба Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва ҷойи 4-ум ба рӯзноманигор Елена Батенкова супорида шуд.

Ёдрас мешавем, ки даври дуюми озмуни мазкур дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *