Кӣ намехоҳад, ки Афзалшоҳи Шодӣ ба Панҷакент равад?
Хабари хат задани номи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ аз рӯйхати сарояндагоне, ки зимни сафари Президенти мамлакат дар шаҳри Панҷакент ҳунарнамоӣ мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии мухлисонро ба бор овард. Зоҳиран, номи Афзалшоҳи Шодиро масъулини вилояти Суғд аз рӯйхат хат задаанд.
Қарор аст, 10-уми апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент сафар кунад. Омодагиҳо ба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ дар шаҳри Панҷакент дар ҷараён аст. Зимни сафари Сарвари давлат дар шаҳри Панҷакент ҳамчунин консерти бошукуҳ баргузор мегардад, ки яке аз иштирокчиёни он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ буд. Вале 5 рӯз қабл аз консерт номи ҳунарманд аз барнома лағв гардид. Масъулини баргузории ин маҳфил хат зада шудани номи сарояндаро дар суҳбат ба “Азия-Плюс” низ таъйид карданд, вале сабаби онро нагуфтаанд.
Афзалшоҳи Шодӣ мегӯяд, ки ӯ барои ин консерт омода шуда буд:
“Ба ман супориш шуда буд, ки ягон суруду оҳанги нав омода намоям. Ман тайёр кардам. Дар аввал гуфтанд, ки суруд олиҷаноб аст, гузашт. Ҳатто шоир Озарахш дар ҳамонҷо буд ва ба ӯ ҳам писанд омад. Вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки дигар баромади маро гирифтаанд. Ман бо касе ягон мушкил надорам. Солҳост, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат карда истодаам. Ҳамеша ба халқу Ватан хидмат мекунам».
Ориф Набиев, саркоргардони чорабинӣ ҳам, дар рӯйхат набудани ҳунарнамоии Афзалшоҳи Шодиро тасдиқ карда гуфтаст, ки мақсади онҳо такя ба ҷавонон будааст. Вале мухлисони бешумори Афзалшоҳи Шодӣ дар Панҷакент чунин муносибатро нисбати ҳунарманди дӯстоштаашон ба сахтӣ қабул карданд.
Обид Назаров, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки норозигии мухлисони Афзалшоҳи Шодӣ ба гӯши вазири фарҳанг ҳам расидааст ва Зулфия Давлатзода гуфтааст, ки ин масъаларо бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар миён хоҳад гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ