Медали биринҷии паҳлавони тоҷик аз “Antalya Grand Slam 2022” (аудио)

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022”, ки рўзҳои 1-3-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 кишвари дунё баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда, бар Григорий Приор аз ИМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирўз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Маҷористон Ричард Сипоз мағлуб гардид. Темур сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.

Варзишгари дигарамон Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷойи ҳафтумро гирифт. Комроншоҳ низ, ки дар даври аввал озод буд, дар ду давр бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чех (Давид Кламмерт) пирўз шуда, дар чорякфинал аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Луис Крибер Гагнони канадаӣ шикаст хурд.

Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат кард: Меҳрзод Сўфиев (-60кг), Абубакр Шеров (-66 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд. Барои ҷойи аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро дода шуд.

Ин медали панҷуми Темур Раҳимов дар мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо мебошад. Ў соли 2019 дар Гран Прии Мароккаш медали биринҷӣ, соли 2021 дар Гранд Слами Боку медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Дабӣ медали биринҷӣ, соли 2022 дар Гранд Слами Тел Авив медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, дар Чемпионати Осиё/Уқёнус соли 2019 сазовори медали нуқра ва соли 2021 сазовори медали биринҷӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *