Кӣ оби дари хонаро беқадр месозад?

Чанде қабл меҳмони деҳаи Вистан гаштем, ки ин мавзеъ бо табиати зебову форамаш зиннатбахши як гӯшаи мавзеи хушманзари Ромит аст. Воқеан ҳам, ин деҳаву дигар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат — Покрӯд, Арху, Вускеф, Коху, Хушон, Луфиғар, Пчев, Варва, Сорво ва ғайра, ҳамчун мавзеи афсонавию биҳиштӣ эътироф гаштаанд. Дар ин рӯзҳои гарму тафсон, мардум кӯшиш мекунанд, то соате ҳам бошад, дар оғӯши табиати зебои ин диёр истироҳату фароғат кунанд. Сайёҳони хориҷӣ низ мафтуни манзараҳои дилфиреби табиати зебои Ромитанд. Оби софу тозаи рӯду чашмасорони зулол ва меваҳои шаҳдбораш ком ширин кардаву бар дилҳо рӯшанӣ мебахшанд.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000-ум дараи Ромит ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва туризм эълон гардид. Хусусан, дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2018) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва соҳибкорон дар минтақаи Ромит иншооти зиёд мавриди истифода қарор гирифтанд. Бале, иншооти истироҳатӣ зиёд, аммо нархи он гарон аст. Кӣ нархи чунин истироҳатгоҳҳоро назорату муқаррар мекунад, муаммоест сарбаста!

Батакрор мегӯям, ки воқеан ҳам табиати мавзеи Ромит дилкушост. Мардуми бумӣ низ ба амсоли табиати сарсабз дилкушоду сахидастанд. Эшон аз субҳи содиқ то шомгоҳон пайи даву този зиндагианд. Чун фасли сармо наздик аст, аз ин рӯ, ҳар хонавода кӯшиш мекунад, то аз ҳар рӯзи гармо пурмаҳсул истифода барад. Барои аз сардӣ наҷот ёфтан ҳезум, барои чорво коҳу алаф захира карда, оғилхонаву атрофу акнофи ҳавлиашонро ба низом медароранд, ба мевахушккунӣ андармонанд.

Ин ҳама шароити мусоид аз баракати меҳнати ҳалоли мардум аст, ки асло ба умеди дигарон нашуда, аробаи рӯзгорро мустақилона ба пеш мебаранд. Ҳар оила соҳиби гову мол, занбӯри асалу паранда ва боғҳои пур аз меваанд. Гӯшти хушсифату асалу ширу қаймоқи тоза ва гулу гиёҳи табобатӣ ба сиҳатии мардум таъсиргузор аст, ки нафаре ҳам аз саломатӣ шикояте надорад. На пиреро фишори хун азият медиҳаду на занону ҷавонон аз беморие ранҷ мебаранд…

Метавон хулоса кард, ки таъмини амнияти озуқаворӣ бо истифода аз маҳсулоти тару тозаи экологӣ пурра амалист.

Дар деҳаи Вистан бо ҷавонону пирони хушгуфтор ҳамсуҳбат шудем. Ҳар яке бо таассуф аз он рӯзҳои сахту мушкил ёдовар шуда, шукрона мекунанд, ки билохира ақлҳои солим аз болои нафси ақлбохтагон ғолиб омаду тинҷиву осоиштагӣ ҳукмрон шуд.

Вақте ба деҳаи Вистан расидем, офтоб аз паси қуллаҳо нав сар боло мекард ва дар даромадгоҳи деҳа кӯдакон — ноноварони хонаро вохӯрдем, ки бо харҳои пур аз ҳезум вориди деҳа мешуданд. Хеле хостем бо онҳо аз боби донишу хониш ва дигар мавзуот ҳамсуҳбат шавем, аммо онҳо аз суҳбат ва аксбардорӣ бо мо дурӣ ҷустанд, ба қавле нахостанд то ҳарфу суханашон мушкиле болои сарашон эҷод созад.

Аз тамошои раставу кӯчаҳои сангину боғу шаршараҳои хурди обии деҳа ҳаловат бурдем. Бахусус, тамошои масҷиди хурдакаку назарногири деҳа, ки ба қавли мӯсафедон умри 200-сола дорад, таваҷҷуҳи моро бештар ба худ ҷалб кард. Ҳарчанд аз бунёди масҷид 200 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, аммо нақшбандии сақфи масҷид ҳоло ҳам зебоиашро гум накардааст ва онро ҳамчун ёдгории қарнҳои ХIII-ХVII маънидод мекунанд. Рангмолию нақшу нигори сақфу сутунҳои масҷид, дар маҷмуъ ин ҳама аз арзи ҳастӣ доштани беҳтарин косибони деҳаи мазкур гувоҳӣ медиҳад. Дар масҷид низ як низоми махсус ва тартиботи хосае ҷорист: ҷуз тоату ибодат ва панду насиҳат, дигар мавзӯе матраҳ намегардад. Ҷавонон низ дар пайравӣ ба панду андарзи пирони деҳ, роҳи дурусти зиндагӣ пеша кардаанд, аз шомил шудан ба ҳар гуна гуруҳҳои табаҳкор дурӣ меҷӯянд. Теъдоде ҷиҳати пешбурди зиндагӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ихтиёр кардаанд, дигарон таҳсил мекунанд, севумиҳо пайи ободии диёранд.

Тавре ишора кардем, ин ҳама пешрафту беҳбуд бахшидан ба шароити зиндагиро мардуми ин диёр тавассути меҳнату заҳмати худ ҳосил кардаанд. Заҳмати беандоза роҳатбахши онҳою меҳмонон гашта. Агар дар ин самт ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани равиши зиндагӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум, масъулин корҳои дигарро ба анҷом мерасониданд, зиндагӣ ба худ маҷрои нав касб мекард. Масалан, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани сехҳои тайёр кардани шарбату мураббои меваҷоту сабзавот. Дар ҳар хонавода боғҳои муҳташами себу олучаву зардолую дигар анвои меваҷот қомат афрохтаанд. Атрофи роҳу ҳавлиҳои мардумро марминҷони худрӯй девора гаштааст, ки атфолу занон онро ҷамъоварӣ карда, қисматеро барои худ захира ва қисмати дигарро пешкаши мусофирон мекунанд. Як сатилчаи марминҷони хушмазза аз 15 то 25 сомонӣ арзиш дорад.

Агар соҳибкоре бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ меваи боғоти мардумро харидорӣ ва истеҳсоли онро дар сехҳои хурди коркарди мураббою шарбат дар ҳар деҳа ба роҳ мемонд, он гоҳ  фоида ҳам ба хазинаи давлат мерасиду ҳам ба соҳибкору мардум. Ҳамзамон, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меомад, ҳисоботи воқеии масъулин ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корию коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ҷойгузини ҳисоботи бардурӯғ мегашт. Аммо намедонам чӣ иллат аст, ки чунин андеша — бунёди сехҳои коркарди меваро масъуле дар сар надорад. Ё роҳандозии чунин коргоҳҳо фоида намеорад ва ё дигар омилҳое арзи ҳастӣ доранд, ки мо бехабарем?

Чунин вазъ дар манотиқи Рашту Бадахшону Зарафшону Суғд ҳам ба назар мерасад. Миқдори зиёди мева хӯроки чорво аст…

Аз шаҳри Душанбе то ба деҳаи Вистан 80 километр роҳ аст, ки бинобар иллати харобии роҳ ин масофаро дар се соат тай кардем. То баромад аз маркази Ромит, роҳ хубу асфалтпӯш аст. Аммо идомаи роҳ — то Вистану Покрӯд, роҳи хокиву валангор сабаби дер ба манзил расидан мегардад. Равуои шабонарӯзии мошинҳои пуриқтидори борбару трактору экскватору булдозерҳо роҳро харобу таъмирталаб кардааст. Шукр, ки манзараҳои тамошобоби ду тарафи роҳ таваҷҷуҳи мусофирону меҳмононро бештар ба худ ҷалб сохта, кас аснои сафар мондашавиро ҳис намекунад. Аммо мардум аз чунин вазъи нобасомони роҳ  нороҳат нестанд, зеро ваъдаи қатъиашон додаанд, ки дар солҳои наздик роҳ пурра асфалтпӯшу замонавӣ мегардад. Бале, бояд ин роҳ ҷавобгӯ ба талабот бошад, зеро Покрӯд — макони тавлиди тиллову мавзеи хушбоду ҳавои сайру сайёҳӣ, муаррифгари кишвар аст. 

Хуллас, чунин мавзеҳои афсонавию биҳиштиро метавон дар сартосари кишварамон вохӯрд, ки сарчашмаи рушди иқтисоди кишваранд. Пас, чаро аз ин ҳисоб дар мадди аввал мехоҳем ҷайбу ҳамёни худ пур созем, на аз хазинаи давлат?!

Сайёҳони хориҷӣ аз дуриҳои дур ба хотири истироҳату фароғат ба мавзеҳои афсонавии Тоҷикистон меоянд. Ташрифи онҳо ҳам иқтисодро ғанӣ мегардонаду муҳимтар аз ҳама, Тоҷикистон ҳамчун кишвари меҳмоннавозу сулҳпарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Аммо чӣ омил аст, ки мо соҳибватанҳо бо ҳар гуна манфиатҷӯиҳоямон  оби дари хонаамонро беқадр гардонидаем?!

Муҳиддин ИДИЗОДА, махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *