Кӣ президенти Амрико шуд? Трамп ё Байден?
Имруз муайян мегардад,ки президенти навбатии пурқударттарин кишвари дунё кӣ мешавад.
Тарзи интихоботи Амрико зиёда аз 240 сол боз чунин аст,ки президентро бевосита мардум не, балки гурӯҳи интихобкунандаҳо,ки онҳо низ дар навбати худ аз ҷониби шаҳрвандон интихоб мешаванд, муайян мекунанд.Мувофиқи маълумотҳои охирин (дар Амрико рӯз ба поён мерасад)то ҳол дар аксари штатаҳо Ҷо Байден пешқадам аст, аммо Трамп низ ҳануз шонсашро аз даст надодааст ва дар чанд иёлоти асосие,ки шумораи интихобкунандагонаш зиёданд, ҳоло маълум нагардидааст,ки ба кӣ овоз додаанд. Ин чиз дар соатҳои наздиктарин муайян мегардад. (Хабар такмил меёбад ва онро дар сомонаи мо пайгирӣ кунед)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ