Кӯҳансолтарин зани дунё дар Туркия маълум шуд

Хабаргузории “The U.S. Sun” иттилоъ додааст, ки Шекер Арслон, шаҳрванди Туркия, 27 июни соли равон ба синни 119 расид ва дар сурати расман тасдиқ шудан ин зан пиронсолтарин зан дар ҷаҳон дониста мешавад.

Наздикони ин зан мегӯянд, ки ӯ умри дарозро аз модари 110-солааш ба мерос гирифтааст. Тибқи шаҳодатномаи ронандагии ӯ, Арслан 27 июни соли 1902 таваллуд шудааст.

Шаҳрванди Туркия шаш фарзанд ва дувоздаҳ набера дорад. Ба гуфтаи яке аз духтаронаш, сирри дарозумрии модараш тановули ғизои дуруст аст, зеро Шекер танҳо маҳсулоти табииро истеъмол мекунад.

«Ҳатто дар рӯзи таваллудаш, дар рӯи миз танҳо маҳсулоти табиӣ буданд: асал, панир, равған ва йогурти хонагӣ», — гуфтааст духтари зани 119 — сола.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *