Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи «Агроинвестбонк» оғоз гардид

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 2 июли соли 2021 пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамдодашудаи ҶСК «Агроинвестбонк» оғоз мегардад.

Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ҶСК «Агроинвестбонк» тавассути бонк-агент Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» амалӣ карда мешавад.

Пасандоздорон ё намояндагони қонунии онҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ метавонанд ба филиалҳои бонк-агент Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», вобаста аз минтақаи ҷойгиршавияшон муроҷиат намоянд.

Пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Рӯйхати филиалҳои бонк-агент ва суроғаи онҳо дар сомонаи Хазина www.idif.tj оварда шудааст.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600 32 45 ё дар сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *