Кӯҳзод, Азиз Несин ва Гарсиа Маркес. Ду “ҷанҷоли байналхалқӣ”-и нависандаи тоҷик
Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод 85-сола шуд. Дар мавриди ҳикояҳои тезутунди ҳаҷвӣ, повесту романҳои психологӣ ва асарҳои таҳрикдиҳандаи таърихии ӯ зиёд навиштаанд. Банда дар ин нигошта аз ду “ҷанҷоли байналхалқӣ”-и устод дар замони Шӯравӣ ёдоварӣ мекунам, ки қаҳрамони яке нависандаи бузурги турк Азиз Несин асту аз дигаре нависандаи оламшумули Амрикои Лотинӣ Габриеэл Гарсиа Маркес…
Дар шинохти Кӯҳзод
Ӯрун Кўӯҳзод зодаи деҳаи Ғаззаи Панҷакент аст. Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Г. Шевченкоро хатм кардааст.
Ба кори эҷодӣ аз аввали солҳои шастуми асри гузашта саргармӣ дошта, дар оғози фаъолияташ ба таълифи ҳикоя, бахусус ҳикояҳои ҳаҷвӣ пардохтааст, ки аксарашон дар ду маҷмӯа — «Сареву савдое» (1971) ва «Як сару сад хаёл» (1983) фароҳам омадаанд. Дар давоми солҳои ҳафтодуми асри гузашта насри тоҷик дар адабиёт мақоми устувор пайдо карда, аз тасвирҳои зоҳирӣ ба инъикоси руҳии инсон, мураккабии рафтору кирдор ва андешаю гуфтори қаҳрамонон рӯй овард, ки Ӯрун Кўњзод ҳам дар ин ҷода аз ҷавонадибони муваффақ ва ҷӯяндаву тозанигор буд. Аз ҷумла, дар қиссаҳои «Роҳи ағба» (1971), «Писанддара» (1974), «Бандии озод», «Тақвими раҳгум» ва ғайра, ки хусусияти мардумшиносӣ доранд, ба таҳқиқи хислату характер ва тасвири масъулияти инсонҳо дар ҷомеа рӯй оварда, сабку чеҳраи хоси нигорандагии худро аёну баён карда тавонист. Сипас қиссаи «Кини Хумор» (1976) ба дасти хонандагон расид, ки давоми мавзӯи пайгирифтаи нависанда буда, масъалаҳои одобу ахлоқи ҷомеаро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст. Дар асарҳояш ба рухдоду ҳодисаҳо ва рафтору кирдори одамон бо назари танқидӣ менигарад. Соли 1977 қиссаи «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз» ба табъ расид, ки ба тасвири порае аз рӯзгори сангини фарзанди фарзона ва муборизи халқи тоҷик Устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Ин қисса муаллифашро ҳамчун нависандаи таърихдону руҳшинос муаррифӣ карда, сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардонид. Дар навиштаҳои Ӯрун Кӯҳзод насри тасвиру андеша бо публитсистика омезиш ёфта, нависанда ин услубро ҳамчун силоҳи мубориза ба муқобили камбудиву носозгориҳои ҷомеа ба кор мебарад. Ҳаҷв дар шакли истеҳзову заҳрханд дар ҳамаи асарҳои мавсуф мақоми хоса дорад, аммо такомули чунин равия дар романи «Бандии озод» равшантар ба мушоҳида мерасад. Муборизаи руҳии қаҳрамонон дар роҳи ҷустуҷӯи ҳақ ва аз байн бардоштани ноҳақиҳо дар ин асар хеле шиддатноканд. Ҳамин буд, ки романи мазкур соли 1996 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Дар романи «Ҳам куҳи баланд, ҳам шаҳри азим» (1983) ӯ масъалаи муҳими ҳаётии пайванди аслҳову наслҳо ва давру замонҳоро мавриди баҳсу баррасии бадеӣ қарор додааст. Ӯрун Кӯҳзод адиби пухтакору мушоҳидакор буда, дар давоми чанд соли охир қиссаву рисолаҳои публитсистии «Тоҷикони имрӯза» (2002), «Лоҳутӣ ва баъди ӯ» (2002), «Ҷамъи парешон» (2003), «Ахлоқи воло — дафъи бало» (2003), «Акашариф — Борбади асри бист» (2005), “Ғайр аз хӯрдану пӯшидан” (2018), “Гардани ғам бишканем” (2020) ва як силсила мақолаю ҳикоя ба табъ расонд, ки шоҳиди чунин даъвоянд. Романи таърихии Ӯрун Кўњзод «Ҳайҷо» ба таҳқиқи адабии мавзӯи хеле муҳим — аз тарафи Русияи подшоҳӣ ғасб намудани Осиёи Миёна, хоса Аморати Бухоро бахшида шудааст, ки аз нигоҳи паҳнои тасвири воқеаҳо ва баррасию арзёбии онҳо хеле ҷолибу беназир аст.
Тарҷумаи бисёр асарҳои адибони маъруфи хориҷӣ, аз ҷумла К. Чандар, Ҳ. Ғулом, Л. Ленч, С. Хонзодян, В. Санги, қиссаи А. П. Чехов «Дашт», романи Г. Г. Маркес «Хазони умри Одамхудо», ҳикояҳои Азиз Несин «Мактубҳо аз он дунё», мунтахаби осори Р. Домонович «Бозгашти Шоҳзода Марко» ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки басо моҳирона анҷом ёфтаанд. Иддае аз асарҳои Ӯрун Кўњзод ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳои шӯравӣ ба табъ расидаанд.
Кӯҳзод ва Азиз Несин
Нависандаи бузурги турк Азиз Несин дар адабиёти асри ХХ-и ҷаҳон чеҳраи мунир аст. Ӯро “адиби зиндонӣ” ҳам меноманд, зеро барои асарҳояш солҳои 1946, 1948, 1949, 1950, 1961 ба муҳлатҳои гуногун — 4 моҳ, 11 моҳ, 17 моҳ, 9 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда буд. Несинро аввал дар ҷаҳон эътироф карданд, баъдан, дар кишвари худаш қадршиносӣ шуд. Дар Туркия ду маротиба нависандаи халқ интихоб гардида, соҳиби медали тиллои Лантоссой, узви ифтихории пен-клубҳои Англия ва германия буда, дар озмуни байналмилалии ҳаҷвнигорон дар Италия ду сол пайи ҳам — 1956 ва 1957 ба дарёфти мукофоти асосӣ — “Шохи тиллоии нахл”, инчунин ҳамон давраҳо сазовори мукофотҳои маҷаллаҳои “Хорпуштаки тиллоӣ” ва “Крокодил” шудааст.
Азиз Несин соҳиби 40 китоб барои кӯдакон, 56 маҷмӯаи ҳикоя ва роман аст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1963 маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ таҳти унвони “Фонус” дар тарҷумаи А. Раҳимов дастраси хонандагон шуда буд. Азиз Несин забони форсиро медонист ва ба Садриддин Айнӣ эҳтиром дошт.
Солҳои 70-ум Кӯҳзоди ҷавон ба эҷодиёти ин нависандаи шуҳратёр мароқ зоҳир намуда, ҳикояҳои ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард.
Соли 1978 дар Тоҷикистон 100-солагии зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ таҷлил карда мешавад. Дар қатори шахсиятҳои муътабари адабиёти олам нависанда ва публитсисти тавонои турк Азиз Несин низ ба Душанбе меояд. Барои сазовор истиқбол гирифтвни Азиз Несин бо дархости Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нашриёти “Ирфон” ҳикояҳои ӯро дар тарҷумаи Кӯҳзод ба чоп супорида, аз нависандаи ҷавон хоҳиш мекунанд, ки роҳбаладу ҳамсафари Азиз Несин бошад. Ӯрун Кўњзод розӣ мешавад. Ҳамин тавр, тайи чанд рӯз Кӯҳзод бо Азиз Несин ба тамошои Варзобу Қалъаи Ҳисор мераванд ва дар вохӯриҳо ширкат мекунанд. Кўњзоди ҷавон дар омади гап ба Азиз Несин мегӯяд, ки ҳикояҳои ӯро тарҷума кардаасту он дар дасти чоп мебошад ва таҳти унвони “Мактубҳо аз он дунё” интишор меёбад.
Азиз Несин изҳори хушнудӣ мекунад, аммо талаби баъдии ӯ Кӯҳзодро дар бало ва нашриётро дар ҳолати ногувор мемонад.
Дар рӯзи ҷашн Азиз Несин баъди суханронӣ мегӯяд:
— Умедоварам, ки садсолагии ҷашни зодрӯзамро мунтазир намонда, нашриёти диёри шумо ҳаққи заҳмати муаллифи туркро пардохт мекунад…
Пардохти ҳаққи қалами Азиз Несин дар нақша набуд, дигар ин ки, нашриёти Тоҷикистон имкони пардохти ҳаққи қалами ин нависандаи оламшумулро надошт…
Вале талаби ӯро низ рад кардан намешуд…
Кӯҳзод ва Габриэл Гарсиа Маркес
Қазияи Азиз Несин дар ҳаёти Ӯрун Кӯҳзод ягона ҳодиса нест. Бо нависандаи оламшумули Амрикои Лотинӣ, муаллифи “Сад соли танҳоӣ” Габриэл Гарсиа Маркес низ чунин мушкилӣ сар зада буд.
Солҳои 70-ум нависандаи тоҷик Ӯрун Кӯҳзод ба эҷодиёти Маркес дил баста, романи “Хазони умри Одамхудо”-и ӯро тарҷума карда буд.
Нависанда дар як мусоҳибаи хеш ба суоли журналист — “Он замон чӣ шуморо водор карда, ки ба ин тарҷумаи заҳматталабу пуршараф даст занед?” чунин посух додааст:
— Аввал, як навъ қаробати фикрӣ ва наздикии тафаккури бадеӣ байни тарҷумон ва муаллиф. Баъдан, мавзуъ, вусъати баҳодиҳӣ ва тасвир, услуби банду баст ва баён…
Вале хонанда намедонад, ки тарҷума ва нашри ин китоб саргузашти пурмоҷаро дорад. Пас аз нашри тарҷумаи ин роман дар Тоҷикистон баъди як муддат ба идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз номи ваколатдори адабии Габриэл Гарсиа Маркес мактуби расмӣ ворид мешавад, ки дар он даъвоҳои ҳаққи қалами муаллифро пеш оварда буданд. Азбаски масъулони нашриёт ба чунин ранг гирифтани кор розӣ набуданд, мушавваш шуданд. Директори нашриёт “Тарҷумаи “хазон…” гуфта, ҷанҷоли байналхалқӣ хезондӣ, сари моро ба бало монондӣ, обрӯи нашриётро резондӣ… “хазонат аз сарат монад” гуфта, ба Ӯрун Кӯҳзод дармеафтад…
Анҷом…
Ин ду “ҷанҷоли байналхалқӣ” ба хубӣ анҷомид ва ба тарҷумон Ӯрун Кӯҳзод зараре нарасид. Нашриётҳо ба гумонам ҳаққи қалами адибонро аз будаш зиёд пардохт карданд. Барои мо муҳим он аст, ки адабиёти тоҷик ба воситаи устод Кўњзод ба эҷодиёти ин ду нависандаи бузург ошноӣ пайдо кард…
85-умин соли мавлуди устод Ӯрун Кӯҳзод ба ҳамаи мо муборак бод!
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ