«Ҳосилот» бо Самандар Шарипов шартномаи варзишӣ баст

Роҳбарияти дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо Самандар Шарипов — бозингари соҳибтаҷриба шартномаи варзишӣ ба имзо расонид.

Гуфта мешавад, ки Самандар Шарипов дастпарвари дастаи «Сомон»-и ноҳияи Данғара буда, фаъолияти варзишии худро солҳои 2016- 2017 аз ҳамин даста оғоз кардааст.

Мавсуф соли 2018-ум ба дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар гузариш намуда, як мавсим дар  ҳайати асосӣ майдондорӣ кардааст.

Ӯ солҳои 2019-2020 аз шарафи тими «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ҳимоят карда, то омадан ба «Ҳосилот» дар «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ҳунарнамоӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *