Кӯдаки 5-соларо таҷовуз карду кушту 28 сол куҷи зиндонро «иҷора» гирифт

Шаҳрванди Русия, ки дар Тоҷикистон як духтари панҷсоларо таҷовуз карда, сипас бӯғӣ карда буд, ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ин бора хабаргузории «Азия Плюс» имрӯз, 18-уми феврал бо такя ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванди Федератсияи Русия Сергей Проскуряков, ки муваққатан дар ноҳияи Дӯстии ҷамоати Ҷилликӯли вилояти Хатлон зиндагӣ мекард, бо ҷурми таҷовуз ва куштори кӯдаки таваллуди соли 2016 ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳукмро коллегияи судии парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи вилояти Хатлон содир кардааст. Маҳкумшуда ҷазоро дар колонияи режимаш сахт сипарӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи ин ниҳод, соли таваллуди ҷинояткор, дар куҷо ва аз ҷониби кӣ дар Тоҷикистон кор кардааст, нишон дода нашудааст. Дар вебсайти Додситонии кулл гуфта мешавад, ки моҳи сентябр Проскуряков дар ҳолати мастӣ ба кӯча баромада, бо духтаре вохӯрдааст, ки ба пешвози модараш мерафт.

Ӯ бо роҳи фиреб ӯро ба ҷуворимакка мебарад ва дар он ҷо дасту пои ӯро баста, дашном медиҳад. Пас аз ин барои пинҳон кардани ҷиноят духтарро бӯғӣ карда куштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *