Мошини хонуми ронанда ба ҷарӣ сарозер шуд. Се нафар фавтиданд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи паёмадҳои ҳодисаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ширкат кардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ба қисми навбатдории раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд соати 12:50 дақиқа дар бораи садама дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд убур мекунад, хабар расидааст. Имдодгарони бахши КҲФ дар гуруҳи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, муайян кардаанд, ки мошини сабукрави тамғаи «Toyota Corolla», ки аз ҷониби хонуми 32-сола, сокини маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарӣ сарозер шудааст. Ин мошин аз шаҳри Хуҷанд берун шуда, ба Душанбе рафтанӣ будааст.

— Сабаби аслии садама дақиқ нест, аммо ба эҳтимоли зиёд дар натиҷаи суръати баланди ҳаракат ронанда натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд. Дар мошин ғайр аз ронанда боз ду нафари дигар ҳам менишастаанд. Ҳамаи онҳо, ки яке марди 34-сола ва дуюмӣ ҳам бонуи 31-сола, сокинони шаҳри Душанбе будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти куҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуданд ва бо истифода аз дастгоҳи вижа ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошини харобшуда берун оварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *