Чаро Гулбиддинро парронданд?

Сокини 40-солаи ноҳияи Роштқалъа Диловар Хуррамов, ки қаблан иддао дошт, шоҳиди амалиёти зидди Гулбиддин Зиёбеков буд, дастгир шудааст.

Боздошти Диловар Хуррамовро дар Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тасдиқ карданд. Рӯзи 17-уми феврал як манбаъ афзуд, ки “ӯ сардори ШКД-и Роштқалъаро таҳқир ва таҳдид кардаааст”. “Парвандаашро Прокуратури вилоят бар асоси моддаи 328 қисми 2, яъне “истифодаи зӯр ба муқобили намояндаи ҳокимият таҳқиқ мекунад”,- тавзеҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Диловар Хуррамов бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ду ҳафта пеш дастгир шудааст. Вай рӯзи 29-уми ноябри соли гузашта гуфта буд, ки шоҳиди амалиёти зидди Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аст.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта, ҳангоми амалиёти маъмурони интизомӣ ҳалок шуд. Сокинон бо талаби таҳқиқи марги ӯ чаҳор рӯз дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон эътироз карданд. Мақомот гуфтанд, Зиёбеков барои таҳқири корманди додситонӣ ҷустуҷӯ мешуд ва “ҳангоми муқобилияти мусаллаҳона” кушта шуд. Чизе, ки пайвандонаш беасос медонанд.

Бино ба гуфтаи Диловар Хуррамов ба Радиои Озодӣ, он рӯз Гулбиддин силоҳ надошт. Вай он замон лаҳзаеро тасвир карда буд, ки ду моҳ баъд навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Ба гуфтаи ӯ, Гулбиддин лаҳзае парронда шуд, ки “ба болои пули деҳа, ба самти дигар мегурехт”.

“Лаҳзаи паррондани Гулбиддинро дидам. Ӯ ба болои пул медавид, ки садои тир баланд шуд. Як бор афтид ва боз хест. Мехост ҳаракат кунад, ки боз садои тир шунида шуд ва ӯ бо дастонаш панҷараи бари пулро дошта, якпаҳлу шуд. Ҳафт силоҳбадаст ба тарафаш омаданд. Ҳанӯз зинда буд, чун вақте мехостанд, ӯро бардоранд, бо ду дасташ панҷараро дошта буд ва дастонашро базӯр боз карданд”,- нақл карда буд ӯ.

Наздикони Диловар рӯзи 17-уми феврал боздошти ӯро тасдиқ карданд, аммо аз суҳбат худдорӣ намуданд. Як сокини деҳаи Тавдем, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “ӯ гуноҳе надошт, танҳо рӯзи ҳодиса аз мақомот пурсида буд, ки чаро Гулбиддинро парронданд? Дертар ӯро боздошт карданд”.

Боздошти ин сокини деҳаи Тавдем дар ҳолест, ки вазъ дар Хоруғ нигаронкунанда мондааст. Сокинон мегӯянд, мақомот зоҳиран ба анҷоми як амалиёт барои боздошти Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохтаи минтақа ва чанд ҳамроҳаш омодагӣ мегиранд. Мақомот онҳоро ба даст доштан дар ҷиноят гумонбар медонанд, вале худи ӯ ва тарафдоронаш қабул надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *