«Кӯдакон санг партофта, ба мардум ҳамла кардаанд”. Оилаи тоҷикро аз Русия ронданд

Як омӯзгори маҳаллии Новосибирск дар робита ба авбошии гадоҳои хурдсол аз Тоҷикистон дар назди бозори «Хилокский» ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст.

Пас аз шикоятҳои сершумори сокинони Новосибирск дар бораи рафтори ношоистаи фарзандони муҳоҷир,  дар назди бозори Хилокск ба як оилаи тоҷик фармони «депортатсия» хонда шуда ва барои омода шудан се рӯз мӯҳлат додаанд то онҷоро тарк намояд.

Бо ибтикори мақомат дар бораи хонаводаи муҳоҷир тафтиш анҷом дода шудааст.

Падар дар хона монда, ҳамсараш писару духтари 12 ва 7-солаашро ба Новосибирск бурдаааст. Ин зан барои худ ҳуҷҷат тартиб дода, аммо фарзандонашро ба қайд нагирифтааст. Ба гуфтаи мақомоти ин шаҳр онҳо дар муҳоҷират аз ҳисоби даромади номаълум зиндагӣ мекардаанд.

Дар паи ин муддат модари гадоҳои хурдсол ду маротиба барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва се маротиба барои иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои волидайн ҷазо гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *