Кӯлоб: лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ татбиқ мешавад

Мардуми шаҳри Кӯлоб аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Бо ин ҳадаф бо дастгирии Ҳукумат «Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Кӯлоб» таҳия гардида, то соли 2025 амалӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Душанбе Созишнома байни КВД “Хоҷагию манзилии коммуналӣ”, МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи обу корези ҳамин шаҳр бо паймонкорони кишвар ба имзо расидааст. ҶДММ «Сабо ширкат» бо ҷалби мутахассисони соҳа ва техникаҳои пуриқтидор сохтмонро оғоз намудааст.

Тавре директори «Сабо ширкат» Фараҳманд Раҳмонов гуфтааст, дар сохтмони обанборҳо тамоми қоидаҳои сохтмонӣ риоя карда мешаванд ва таркиби хок, баландӣ, паҳноӣ ва ҳаҷми обанборро ба инобат мегиранд. Ширкати мазкур дар баробари сохтмони ду обанбори ғунҷоишашон 500 кубаметр бо масофаи беш аз 40 километр хатҳои оби нӯшокии қубурҳои қутрашон гуногунро аз обанбор то шаҳр ва дар дохили шаҳр насб менамояд.

Инчунин тибқи талаботи лоиҳа барои истифодаи самараноки об дар корхонаю ташкилот ва манзили ҳар як муштарӣ обҳисобкунакҳо насб карда мешаванд.

Дар баробари ҶДММ «Сабо ширкат» боз ду ширкати сохтмонии дигар дар татбиқи ин лоиҳа ҷалб гардидаанд. Дар маҷмуъ, мувофиқи лоиҳа, дар шаҳри Кӯлоб сохтмони обанборҳо дар ҳаҷми 23 ҳазор куб об ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *