Аз таҳти дил бихандед!
Ангишт
Марде ба утоқи духтур медарояд. Духтур дарҳол:
– Либосатонро кашед!
– Барои чӣ?,- ҳайрон мешавад мард.
– Ман духтур ҳастам, хубтар медонам,- мегӯяд духтур.
Мард либосашро мекашад.
Духтур мепурсад:
– Шуморо чӣ ташвиш медиҳад?
Мард мегӯяд:
– Ман ангишт овардам, онро дар куҷо холӣ кунам?
Таппонча
Ҷавоне ба идораи пулис ба кор медарояд. Ним сол мегузарад, вале маошро суроғ намекунад.
Рӯзе роҳбар ӯро даъват карда, мепурсад:
– Ту барои чӣ маошатро намегирӣ?
Ҷавон ҳайрон шуда, мегӯяд:
– Ман фикр кардам, ки бо ҳамон таппончаи додагиятон бояд зиндагиро пеш барам…
Мактуби аскар
Аскар ба завҷааш мактуб менависад:
– Ба ман 230 сомонӣ пул лозим аст, барои сигор ва ғайраҳо.
Занаш дар ҷавоб менависад:
– Ба ту 30 сомонӣ барои сигор мефиристаму ва ғайраҳо дар хона бепул туро интизор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ