Кӯлоб. Пешравӣ дар сабқатҳои илмӣ

Дар даҳ  соли охир  сафи олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 51 ба 140  нафар расидааст.

Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, 80 фоизи онҳо дастпарварону шогирдони худи ҳамин муассисаи олӣ мебошанд.

Тазаккур бояд дод, ки имсол донишгоҳи мазкур ба даҳгонаи  аввали интихоби довталабон ворид гардид. Акнун боз аз рӯйи чор  ихтисосҳои нав донишгоҳ толибилм қабул мекунад.

Ҳоло ректори донишгоҳро профессор Абдусалом Мирализода ба зимма дорад.  Ӯ беш аз 5 сол муовини якуми ректори ДМТ ва чанд сол директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.

Нуруллоҳ Ҳасанов,

ноҳияи Мӯъминобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *