Паҳлавони номовар, устоди спорти СССР Сангалӣ Наврӯзбеков даргузашт

Имрӯз, 11- майи сол яке аз паҳлавонони номдори тоҷик, Устоди спорти СССР оид ба гӯштини тарзи озод, Чемпиони 18- каратаи Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод ва миллӣ, барандаи медали тиллоии Чемпионати байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод дар Афғонистон (соли 1963) Сангалӣ Наврӯзбеков дар синнни 87- солагӣ вафот кард. Дар мавриди марги паҳлавон журналист Тиллои Некқадам хабар медиҳад.

Саҳми ин паҳлавони шинохтаи тоҷик дар тарбияи варзишгарон, бахусус гӯштингирон хеле калон будааст. Наврӯзбеков то соли 2011 тренери гӯштини Мактаби варзиши деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон буд ва чандин паҳлавононро дар соҳаи гӯштини миллӣ ва тарзи озод тайёр кардааст.

Бисёр кори савоб мешуд, ки Мактаби варзиши деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ба номи Сангалӣ Наврӯзбеков гузошта шавад. Ба ин васила рӯҳашро шод мегардонем.

Дар зер мақолаи Тиллои Некқадам пешниҳоди шумо мегардад:

САНГАЛӢ БО АЛӢ АЛИЕВ ЗӮРИ БОЗУ САНҶИДА БУД

Чӣ тавр паҳлавони ҷавони тоҷик Сангалӣ Наврӯзбеков соли 1958 дар қувваозмоии паҳлавонони Спартакиадаи умумииттифоқии халқҳои СССР ба финал роҳхат гирифта, бо паҳлавони оламшумул панҷ карат Чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштии тарзи озод Алӣ Алиев ҳарбу зарб кард ва танҳо бо бартарии чанд хол ҷойи ифтихориро ба ҳарифаш сазовор донистанд.

Устоди спорти СССР оид ба гӯштии тарзи озод, барандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии гӯштии тарзи озод дар Афғонистон (1963), Чемпиони 18-каратаи Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод ва миллӣ Сангалӣ Наврӯзбеков ба синни 77 қадам гузошта, ҳанӯз ҳам қаду баст ва ҳаракатҳои чандири варзишиашро нигоҳ медорад. То соли 2011 тренери гӯштии Мактаби варзиши деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон буд. Ҳоло дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

Кас ба ҳолпурсияш равад, аз сӯҳбатҳои ширину зарофатҳои намакинаш ҳаловат мебарад. Нақлу қиссаҳои зиёде дорад дар бораи паҳлавонони шинохта Азалшоҳ Олимов, Асайнӣ Шоқаландаров, Девлох Шолиев, Назармаҳмад Мералишоев, Нодил Лифаев, Шанбе Навҷавонов, Писар Бекмамадов ва дигарон.

Чун ба иҳотаи ҷавонон афтад, ҳатман аз қувваозмоияш бо паҳлавони  машҳури ҷаҳон, Устоди хизматнишондодаи спорти СССР, панҷ карат Чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштии тарзи озод Алӣ Алиев суол мекунанд.

— Бале, дар асл ҳам ман бо ин паҳлавони машҳури ҷаҳон қувваозмоӣ кардаам. Ин соли 1958 буд. Ҳамаи ин бо шарофати устодам Азалшоҳ Олимов ба амал омад. Азалшоҳ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда, ҳам гӯштии тарзи озодро машқ мекарду ҳам самборо. Дар Тоҷикистон бошад, ин ду намуди гӯштӣ он қадар маълум набуд. Албатта, гӯштигирон буданд, лекин бештар осетинҳо ва арманҳо.

Ҳангоме ки Азалшоҳ Олимов соли 1955 оид ба гӯштии самбо Чемпиони СССР шуда, ба Тоҷикистон баргашт, роҳбарони физкултура ва спорти ҷумҳуриамон ба ин ду намуди варзиш бештар диққат медодагӣ шуданд.

Ба бахти мо Азалшоҳ Олимов солҳои 1958-1960 дар вазифаи раиси Кумитаи физкултура ва спорти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард ва бо ташаббусаш дар шаҳри Хоруғ сексияи гӯштии тарзи озодро ташкил намуд. Ба сексия ҷавонони зиёде аъзо шуда, намуди нав -гӯштии тарзи озодро  машқ мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ паҳлавонон Назармаҳмад Мералишоев, Асайнӣ Шоқаландаров, Мамадорис Асаншоев, Шанбе Навҷавонов, Шамшербек Қурбонбеков ва банда назар ба дигарон бартарӣ нишон дода, дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб  мешудем.

Вақте ки дар шаҳри Маскав ё  ҷумҳуриҳои бародар мусобиқаҳо оид ба гӯштии тарзи озод мегузашт, командаи яккачини гӯштигирони ВМКБ дар он ширкат меварзид ва аксар вақт дастболо мешуд, — ба сӯҳбат даромад бобои Сангалӣ.

— Қувваозмоии таърихии ману Алӣ Алиев ҳам бо шарофати ин намуди гӯштӣ ба амал омад. Соли 1958 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии тарзи озод ман дар вазни 52 кг ҳамаи ҳарифонамро мағлуб карда, ба Спартакиадаи умумииттифоқии халқҳои СССР, ки дар шаҳри Ставрополи РСФСР мегузашт, роҳхат гирифтам. Ҳамроҳи ман аз шаҳри Душанбе Тағойгелдӣ Ҳайдаралиев, Назармаҳмад Мералишоев, Асайнӣ Шоқаландаров, Шанбе Навҷавонов ва боз чанд нафар осетинҳои муқими Душанбе ҳам буданд.

Дар ин спартакиада, ки баробари Чемпионати Иттифоқи Советӣ қурб дошт, ман дар вазни 52 кг  ҳамаи ҳарифонамро мағлуб сохта, ба финал роҳхат гирифтам.

Паҳлавони шинохтаи доғистонӣ Алӣ Алиевро бори нахуст дар ин спартакиада дидам. Вай ҳам дар вазни 52 кг ба финал баромад, лекин он вақт вай чемпиони ҷаҳон набуд. Танҳо унвонҳои Устоди спорти СССР, Чемпиони Доғистон, Чемпиони Спартакиадаи умумииттифоқии халқҳои СССР ва Чемпиони СССР буд. Мисли ман дар вазни сабук 52 кг гӯштӣ мегирифт.

Ман бошам, як ҷавони 23-солаи кӯҳистонӣ  танҳо шаш моҳ ин намуди нави гӯштиро машқ карда, ба чунин мусобиқаи умумииттифоқӣ роҳ ёфтаам.

Вақте ки сардовари мусобиқа унвонҳои варзишии Алӣ Алиевро хонд, каме дасту по гум кардам, зеро ман он вақт ягон унвони баланди варзишӣ надоштам.

Дар часпу талоши нахустин ҳис кардам, ки ҳарифам паҳлавони пурқувват аст, зеро пружина барин хаму рост мешуд. Бисёр кӯшиш кардам, ки боре ӯро маҳкам дошта, ба замин хобонам, аммо ҳар дафъа мисли бабри кӯҳӣ халос мехӯрд, гӯё аз бағалам мелағжид. Ба ҳар ҳол, ба ҷавонӣ ва бетаҷрибагиам нигоҳ накарда, ман ҳам хеле муқобилият ва истодагарӣ нишон додам. Вақти ҷудокарда ба охир расиду бо бартарии холҳо ғолибиятро ба Алӣ Алиев доданд. Ман соҳиби диплом, медали нуқра ва ҷойи дуввум шудам. Аз қувваозмоиям он қадар розӣ набудам, вале устодам Азалшоҳ Олимов ва тренерамон аз шаҳри Душанбе Тренери хизматнишондодаи СССР Асланбек Захаров дилбардорӣ карда:

— Ба ҳаминаш ҳам шукр, ҷойи дуввум баъди Алӣ Алиев ин шӯхӣ нест. Ту бояд фахр кунӣ, ки танҳо бо бартарии холҳо мағлубат сохт. Ғалабаҳои оянда дар пешанд. Вале ҳарбу зарб бо Алӣ Алиевро дер гоҳ фаромӯш намекунӣ, — гуфт вай.

Дар спартакиада қарор шуд, ки касе аз паҳлавонон ҷойҳои I, II ва III-ро гирифта бошад, ба шаҳри София меравад. Аз ин рӯ, командаи гӯштии тарзи озоди СССР аз ҳисоби ғолибон ташкил шуд.

Моҳе дар шаҳри Ставропол машқ карда, ба мусобиқаи байналмилалӣ тайёрӣ медидем. Як ҳафта ба мо ҷавоб доданд. Командаи гӯштигирони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргашт. Ман ба зодгоҳам, ба деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон рафта, аз бепулӣ натавонистам, ки дар мусобиқаи бонуфуз, дар Булғория иштирок намоям. Баъди ин мусобиқа тренерамон Асланбек Захаров хеле афсӯс хӯрд: — Наход, роҳбарони вилоят натавонистанд, ки роҳпулии як варзишгарро пайдо кунанд?

Баъди чанд муддат дар шаҳри Душанбе тренерам маро дида, хеле сарзаниш кард:

— Ман тайёр будам, ки туро аз ҳисоби шахсиям ба ин мусобиқа барам. Охир, аз нарафтанат ҳатто Алӣ Алиев ҳам афсӯс хӯрд. Вай гуфт, ки гӯштигири бадахшонӣ дар ин мусобиқа дар ҳайати командаи яккачини гӯштигирони СССР ҳатман ғалаба мекард. Афсӯс, ки наомад….

Бо мурури солҳо Алӣ Алиев нӯҳ карат Чемпиони СССР, се карат Чемпиони Спартакиадаи  умумииттифоқии халқҳои СССР, Чемпиони Аврупо, панҷ карат Чемпиони ҷаҳон, соҳиби унвони Устоди хизматнишондодаи спорти СССР ва яке аз паҳлавонони пурзӯртарини ҷаҳон гардид.

Инак, аз он қувваозмоии таърихӣ 54 сол гузашт. Ман ҳар дафъа ин ҳарбу зарбро қисса карда, ҷавониамро ба хотир меорам. Охир, на ба ҳар кас муяссар мешуд, ки бо Алӣ Алиев ба финал баромада, қувва озмояд, — гуфт дар хотимаи сӯҳбат Сангалӣ Наврӯзбеков.

Паҳлавони машҳури доғистонӣ Алӣ Алиев 7 январи соли 1995 дар синни 58-солагӣ дар шаҳри Москва вафот кард. Бобои Сангалӣ танҳо баъди даҳ сол аз вафоти ҳарифи пурзӯраш огоҳӣ ёфт ва хеле афсӯс хӯрд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *