Кӯлоб: Соҳили сойҳо ва ҷӯйборҳоро тоза карданд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бо мақсади пешгирии офатҳои табиии эҳтимолӣ, омадани сел ва ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳашарҳо ташкил кардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, онҳо селроҳаҳо, соҳили каналу обанборҳо, сойҳо ва ҷӯйборҳоро тоза кардаанд. Чунончи, дар сойи Тебалай, ки аз тариқи маҳаллаи Лоҳутӣ мегузарад, то пули мошингузари бозори  марказии “Саховат” бо иштироки 650 кормандони ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр партобҳо аз соҳилҳо ҷамъоварӣ ва берун бурда шудааст.

Дар ҷараёни роҳандозии ин корҳо бо воситаи техникаи муҳандисӣ қисмати дохилии сойи Девонасой, ки аз маҳаллаи Хати роҳ мегузарад, тоза карда шудааст. Дар натиҷа 50 метр масоҳат аз сангу регу дигар селовардаҳо пок карда шудааст.

Дар минтақаи хатарноки Гулрез-1-и ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки хадамоти тиббӣ ва аҳолии маҳал бо ҷалби техникаи муҳандисӣ соҳили сой аз ҳар гуна сангу рег ва партобҳо поккорӣ карда шудааст.

— Умуман, дар ин ҳашар наздик ба 900 нафар сокинон иштирок намуданд, 18 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб карда шуд ва масофаи 1059 метри мукааб аз ҳар гуна ифлосиҳову партобҳо тоза карда шуда, масоҳати 80 метри мураббаъ тӯр кашида шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *