Ҷавони тоҷик ғолиби озмуни “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023”

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо ассотсиатсияи “Ҳаракати умумихалқии Бобек” ҷиҳати муайяннамоии беҳтарин донишҷӯ миёни донишгоҳҳои олии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” озмун баргузор гардида, ҷамъбаст шуд.

Бино ба иттилои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин озмун магистранти Академияи мазкур Шарифзода Додхудо беҳтарин ҳисобида шуда, мавсуф вобаста ба ин муваффақияти хеш бо Дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин магистрант зери роҳбарии ректори Академия, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ чанде қабл ғолиби озмуни “Беҳтарин мақолаи илмии ИДМ-2023”, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи аввал ва медал қадрдонӣ гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *