“Забони миллат — ҳастии миллат” ба сафири Русия дар Тоҷикистон туҳфа шуд

Дар Донишгоҳи байналмилалалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти ректор Жило Гулназарзода бо сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев баргузор гардид.

Бино ба иттилои ДБЗХТ, нахуст ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи донишгоҳ бо муассисисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар бораи иҷрои созишномаву қарордодҳои ба имзо расида табодули афкор кардаанд.

Ректор Жило Гулназарзода дар навбати худ доир ба таъсису таърихи донишгоҳ ва факултети филологияи рус маълумот дода, нақши муассисаро дар омода намудани кадрҳои самти забоншиносӣ, омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ бузург арзёбӣ намуда, оид ба вазъи кунунӣ ва рушди дурнамои омӯзиши забони русӣ дар таълимгоҳ сухан гуфтааст.

Дар идома, сафир Семён Вячеславович изҳор доштааст, ки барои амалӣ шудани нақша — чорабиниҳо роҷеъ ба омӯзиш ва такмили забони русӣ дар ҳама зинаи таҳсилот мусоидат намуда, ҳамкории донишгоҳро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия боз ҳам тавсеа хоҳанд бахшид.

— Мавриди зикр аст, ки сафир Семён Вячеславович ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шарту шароити таҳсил ва имконоти мавҷудаи муассиса аз раванди машғулиятҳо, Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат, осорхонаи Донишгоҳ ва Маркази рушди забони русӣ боздид намуд. Инчунин, бо донишҷӯёни факултети филологияи рус роҷеъ ба мубрамият ва омӯзиши забони русӣ суҳбати озоду ошкоро доир кард. Аз ҷониби роҳбарияти муассиса ҳамчун рамзи дӯстӣ ба меҳмонон китоби “Забони миллат — ҳастии миллат”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бо се забон — русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума шудааст, туҳфа карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *