Кӯмаки ректори ДМТ ба 500 нафар дар арафаи Соли нав (аксҳо)

Аз ҷониби ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба зиёда аз 500 нафар, аз қабили омӯзгорони соҳибтаҷриба ва бознишаста, фаррошону комендантони донишгоҳ маводи аввалияи яквақтаинаи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, макарон, пиёз ва биринҷ тақдим карда шуд.

Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода қайд намудааст, ки «…модарону бонувони фаррош симои донишгоҳанд. Онҳо ҳамарӯза заҳмат мекашанд ва мо дар пайравӣ ба сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати онҳоро ҳамеша қадр менамоем».

Гуфта мешавад, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳар иду ҷашнҳо ба ин қишри ниёзманд кӯмакҳои пуливу молӣ мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *